ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Дар паёми пеш аз марг Замирбек Тенизбеков, муттаҳам дар духтардуздӣ ва куштор, бо овози гиряолуд мегӯяд, бе ин духтар зиндагӣ карда наметавонад.
"Ман ӯро хеле дӯст медорам. Аммо ӯ ҳеч маро қабул надорад, ҳар қадаре, ки хоҳиш кардам. Гуфт моҳе интизор шав, шудам, боз гуфт як моҳи дигар. Аммо акнун тамом, ман дигар бовар надорам”, - изҳор доштааст мард.
Ҷасади Ойзода Қанотбекова, духтари 27-солае, ки субҳи 5 апрел дар маркази шаҳри Бишкек дуздида шуд, дар як мошин ҳамроҳ бо ҷасади эҳтимолан собиқ дӯстдоштааш пайдо кардаанд.
Духтари рабудашуда ва марде, ки бо гумони одамрабоӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар дохили мошин дар наздикии Бишкек пайдо карда шуданд, хабар дода буд, хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии шаҳр.
Духтардуздӣ дар шаҳри Бишкек, ки ба навори дурбинҳои назоратӣ афтод, дар ҷомеаи Қирғизистон баҳсҳои шадид барангехт.. Ҳодиса тақрибан соати 7-и субҳ рух додааст.
Дар пайи ин қазия бархе аз сокинон истеъфои вазири умури дохилиро талаб доранд ва сарвазири Қирғизистон масъалаи сангин кардани ҷазо барои духтардуздиро ба миён гузоштааст.