ДУШАНБЕ, 9 апрел - Sputnik. Дар Намангон пас аз бозии байни "Навбаҳор" ва "Пахтакор", ки бо бетартибиҳо анҷом ёфт, парвандаи ҷиноӣ боз шуд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилоят.
Бозии даври панҷуми Суперлигаи Ӯзбекистон оид ба футбол шоми панҷшанбе дар варзишгоҳи Марказии Намангон баргузор шуд.
Дар он тақрибан 16 ҳазор тамошобин иштирок карданд. Ин бозӣ бо ҳисоби 1: 2 ба фоидаи "Пахтакор" хотима ёфт.
Натиҷаи бозиро голи дар дақиқаи 89-ум аз пеналтӣ задашуда ҳал кард. Довар пас аз тамошои лаҳзаи бозӣ зарбаи ҷаримавӣ таъин кард. Мухлисони Намангон, ки аз бохти дастаи худ норозӣ буданд, ба сӯи доварон ва бозигарони клуби ғолиб шишаҳои пластикӣ партофтанд.
Чӣ тавре ки дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Намангон гуфтанд, аз рӯи далели ҳодиса, тибқи бандҳои "в" ва "г" -и қисми 3 моддаи 277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ("Авбошӣ ҳангоми чорабиниҳои оммавӣ ва муқовимат бо команди мақомот, ки барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ вазифадор аст").
Шаш нафар иштирокчиёни бетартибиҳо тибқи моддаи 183 Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ ("Майдаавбошӣ"), дигаре - бар асоси моддаҳои 183 ва 194 ("Риоя накардани талаботи корманди мақомоти корҳои дохилӣ") -и Ӯзбекистон мутаҳҳам карда шуданд.
Манбаъ афзуда, ки гурӯҳи корӣ ҳолатҳои дигари ин ҳодисаро меомӯзад.