ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарии муштарак аз вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои даъват ва анҷоми ин сафар ба Эрон ва меҳмоннавозиашон ташаккур кард
“Сафари расмии ман ва ҳайати ҳамроҳам аз Ҷумҳӯрии Тоҷикистон ба Эрон дар рӯзҳое аст, ки миллатҳои ду кишвар Наврӯзро ҷашн гирифтаанд, ба ҳамин далел бо истифода аз ин фурсат мехоҳам иди Наврӯзро ба миллати Эрон табрик бигӯям”
Вазири дифои Тоҷикистон дар идома бо ишора ба раванди музокироти анҷомшуда дар се рӯзи сафараш ба Теҳрон, изҳор дошт, ки дар ин се рӯз дидору музокироти хубе бо вазири дифои Эрон дошт ва аз наздик бо бахше аз дастовардҳо ва тавонмандиҳои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ошно шудааст.
Вай баҳсу гуфтугу дар бораи амнияти минтақаӣ ва байналмиллалӣ ва ҳамчунин таҳдидҳои муштаракро аз ҷумлаи меҳварҳои гуфтугу бо вазири дифои Эрон эълом кард ва гуфт, ки Тоҷикистон афзоиши амният ва мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаро дар гарави густариши ҳамкории минтақаӣ медонем, ҳамчунин муътақидем ҳамкорӣ миёни ду кишвар метавонад ба амнияти ду кишвар кумак кунад.
Генерал Шералӣ Мирзо ҳамчунин гуфт, ки аз ҳамтои эронии худ барои сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кардааст.