Ширкати аудитории "BDO" ба "Эковис" табдил ёфт

Бонки миллии Тоҷикистон ба ширкати аудитории “БДО”, ки номашро ба “ЭКОВИС” табдил додааст, барои як сол иҷозатномаи фаъолият дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуолти Бонки миллӣ қарори дахлдори раёсати Бонк санаи 26 марти соли равон, ба имзо расидааст.
Бонки миллӣ ба "Созидание" ва "Паймон Иншуренс" барои фаъолият иҷозатнома дод
Гуфта шудааст, ки дар асоси Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" бинобар сабаби иваз шудани номи ҶДММ "BDO" ба ҶДММ "ЭКОВИС" барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ба мӯҳлати то 1 июни соли 2022 тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд.
"Тибқи қарори мазкур иҷозатномаи қаблии ширкати аудитории "BDO" аз 21 июни соли 2017 беэътибор дониста мешавад.
Роҳбарияти Бонки миллӣ Департаменти назорати бонкӣ вазифадор намудааст, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Ширкати байналмилалии аудиторӣ ва машваратии "BDO" дар соҳаҳои аудит андозбандӣ, машваратҳои ҳуқуқӣ ва молиявӣ, инчунин аутсорсинг хизмат мерасонад. Ин ширкат дар 154 кишвари дунё фаъолият дорад.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 11 ширкати аудиторӣ фаъолият дорад. 
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Бонки миллӣ ба ширкати "Созидание" ва ташкилоти суғуртавии "Паймон Иншуренс" барои фаъолият иҷозатнома дод.
Ҳамчунин Бонки миллии Тоҷикистон эълон дошта буд, ки ба ширкати "Тоҷик Эйр" барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ низ иҷозатнома дода шуд.