ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Ин 27 созмону ниҳоди амрикоӣ бо судури баёнияе зимни дархост аз Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико барои худдорӣ аз изҳороти тавҳиномез алайҳи Владимир Путин, раисҷумҳурии Русия, эълом карданд, ки аз изҳороти танишҳо байни раисони ҷумҳурии ду кишвар нигарон ҳастанд, иттилоъ додааст РИА Новости.
"Дар ҳоле ки аксари созмонҳои миллие, ки ҷонибдори дипломатия, назорати силоҳ, халъи силоҳ ва сулҳ мебошанд, мубодилаи афкори ахири раисҷумҳурони ду кишвар, ки беш аз 90 дарсади кулоҳакҳои ҳастаии ҷаҳонро дар ихтиёр доранд, сахт ба ташвиш овардааст", - омадааст дар изҳороти ин созмонҳо.
Созмонҳо аз Байден даъват карданд, ки аз ширкат дар "мубоҳисаҳои беандешона" даст кашад ва музокиротро бо Русия дар бораи силоҳи ҳастаӣ идома диҳад, зеро хатари сабқати ҳастаӣ бештар шудааст.
Ёдрас мешавем, ки пештар Ҷо Байден, раисҷумҳурии Амрико дар як мусоҳибаи тафсилӣ бо шабакаи Эй Би Си Нюс, зимни "қотил" хитоб кардани Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия муддаӣ шуд, ки ӯ барои мудохила дар интихоботи Амрико товон хоҳад дод.
Раисҷумҳурии Русия дар вокуниш ба иддаҳои раисҷумҳури Амрико ба Ҷо Байден саломатӣ орзӯ намуд ва гуфт, қотил касе аст, ки дигаронро қотил мехонад.
Танишҳо дар равобити Русия ва Амрико аз солҳо пеш ба далел чанд парванда, аз ҷумла таҳаввулоти Украина ва иддаоҳои дахолат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико шиддат гирифта ва Вашингтон чандин бор таҳрим алайҳи Маскав ҷорӣ кардааст.