ДУШАНБЕ, 29 март – Sputnik. Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Афғонистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ зери Эъломияи муштарак аз натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд.
Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуд:
Барномаи иқдомоти амалӣ (Нақшаи роҳ) байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ, транзитӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ;
Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар самти мубориза бар зидди терроризм, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва муташаккил, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва дигар намудҳои ҷинояткорӣ дар солҳои 2021-2022;
Созишнома байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Академияи улуми Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ дар бахши давлатӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи олии баррасии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон;
Созишнома оид ба таъсис додани Шӯрои кории Тоҷикистон-Афғонистон байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи саноат ва маъданҳои Афғонистон.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.