ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Бо вуҷуди афзоиши маблағгузорӣ ва зиёд намудани сохтмони мактабҳо ҳанӯз дар бахши маориф дар вилояти Хатлон мушкилот зиёданд.
Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон, феълан дар 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилоят раванди таълиму тарбия дар се баст ба роҳ монда шудааст, ки бояд чунин набошад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар сафари ахираш ба вилояти Хатлон барои ислоҳи вазъ дастур дод.
Таъкид шудаст, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ дар 9 муассиса, Фархор 7, Кӯлоб 4, Данғара 3, Вахш 2, Балҷувон 2, Ҳамадонӣ 1, Восеъ 1 ва Кӯшониён дар 1 муассиса таҳсил дар се баст идома дорад.
Дар мавриди маблағгузории бахши маорифи вилояти Хатлон зикр шудааст, ки он тайи даҳ соли охир қариб чор баробар - аз 286 миллион сомонии соли 2011 ба 1,1 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расидааст.
Инчунин, танҳо соли 2020 дар вилояти Хатлон 69 муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 24 ҳазор хонанда ба маблағи 118 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудааст, ки ҳанӯз ҳам қаноатбахш нест.