Байден Путинро ба музокирот даъват кард

Пас аз як моҳ дар Амрико нишасти иқлим баргузор мешавад, ки дар кори он сарони даҳҳо давлатҳо даъват карда мешаванд. Ин музокирот дар фазои маҷозӣ баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Кишвардори Амрико Ҷо Байден ахиран ҳамтои худ Владимир Путинро ба музокирот даъват намудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Кохи сафед.
ВКХ: Байден даъвати Путин барои суҳбати рӯбарӯро рад карду фурсати дигареро аз даст дод
Дар баробари Путин даъвати Байденро ҳамчунин сарони 40 давлати ҷаҳон, ки дар музокироти иқлим иштирок мекунанд, дарёфт намуданд. Ин музокирот рӯзҳои 22-23 апрел дар Амрико дар фазои маҷозӣ баргузор мешавад.
Қаблан Байден ба хабарнигорон гуфта буд, ки дар байни даъватшудагон ба нишасти қарибулвуқӯи иқлим, раҳбарони Русия ва Чин низ ҳастанд. Президенти Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки онҳо аз ин огоҳанд, гарчанде ки ҳоло ин масъаларо шахсан бо онҳо баррасӣ накардааст.
Тибқи рӯйхати нашркардаи Кохи Сафед, ба ин ҳамоиш сарони Русия, Чин, Бритониёи Кабир, Ҳиндустон, Туркия ва Ҷопон даъват шудаанд.
Президенти Украина дар рӯйхат нест.
Мушовири собиқи президент: бо сабаби хатоҳои Байден, ҳама ИМА-ро тамасхур мекунанд
Вашингтон гуфт, ин ҳамоиш, ки онлайн пахш мешавад, фаврият ва манфиатҳои иқтисодии амалҳои қавитари ҷаҳонро дар масъалаҳои иқлим нишон медиҳад.
Қаблан мақомоти Амрико гуфта буданд, ки музокироти моҳи апрел ба муттаҳидсозии талошҳои байналмилалӣ барои коҳиши партобҳои зараровар ба муҳити атроф тамаркуз хоҳад кард.