Пандемия ба тӯфони комил дар Аврупо табдил меёбад

Аврупо бо мавҷи сеюми коронавирус фаро гирифта шудааст. Бо афзун шудани ҳолатҳои нави гирифторӣ ба маризии коронавирус, мақомот тибқи протоколи маъмулии худ боз маҳдудиятҳоро ҷорӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Ирина Алкснис. Рӯзи гузашта кишвардори Русия Владимир Путин алайҳи маризии коронавирус бо яке аз ваксинҳои истеҳсоли ватанӣ ваксин гирифт. Кремл дақиқ накард, ки раисҷумҳур бо кадоме аз ваксинҳои сохти Русия эм гирифт.
Аммо Татяна Голикова ноиби сарвазир пас аз эмгузаронӣ гуфт, бо ваксини ЭпиВакКорона, ки дар маркази "Вектор" таҳия шудааст, эмгузаронӣ шуд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Иттиҳоди Аврупо ваксини "Спутник V" - ро рад кард
Ба таъкиди ӯ, чанд рӯз баъд ваксини "КовиВак", ки дар маркази Чумаков таҳия гардидааст, мавриди истифодаи умум қарор мегирад.
Дар ҳамин ҳол, Фонди сармоягузории мустақими Русия аз пешрафтҳои нав ба нави "СпутникV" дар бозори ҷаҳонӣ ҳамарӯза маълумот нашр мекунад.
Зимнан, Ҷумҳурии халқии Чин ҳам гузориш додааст, ки дар ҷаҳон ҳудуди 100 миллион нафар бо ваксини истеҳсолкардаи онҳо эмгузаронӣ шудаанд.
Дар пасманзари кори оромона ва муназзами Маскав ва Пекин, рӯйдодҳои Ғарб, алахусус Аврупо, чунин гардиши нохушеро ба амал меоранд, ки ифодаи "тӯфони идеалӣ" барои тавсиф кардани онҳо торафт бештар ба ёдам меояд.
Аврупо бо мавҷи сеюми коронавирус фаро гирифта шудааст. Дар доираи болоравии навбатии беморӣ, мақомот тибқи протоколи маъмулии худ боз маҳдудиятҳоро ҷорӣ намуданд.
Дар Олмон ҳазорҳо нафар барои нигаронӣ аз маҳдудиятҳои нав, даст ба эътироз шуданд - акс
Ин ду оқибати аёнро дар бар мегирад: монеаи нав дар роҳи барқарорсозии иқтисодиёти миллӣ ва афзоиши норозигии мардум, ки аллакай ба нуқтаи ҷӯш наздик аст ва инро тазоҳурот аз ҳафта ба ҳафта шадидтар мекунанд. Илова бар ин, вазъи феълиро бӯҳрони эмгузаронӣ, ки нобоварии мардум нисбати он тораф афзоиш ёфтааст, бадтар мекунад.
Ҳамин тариқ, Ангела Меркел канслери Олмон локдаунро то 18 апрел тамдид кард. Дар баробари ин, Вазорати молияи ин кишвар бояд лоиҳаи буҷаи иловагиро ба ҳукумат пешниҳод кунад, ки тибқи он солҳои 2021 - 2022 қарҳи давлатӣ ба 142 миллиард евро баробар аст. Қисмати зиёди он маҳз ба дастгирии соҳибкору вазорати беҳдошт, ки аз пандемия зарари калон диданд, ихтисос дода мешавад.
Аммо ҷамъияти Олмон ин тасмимро чандон хуш напазируфт. Як пурсиши хадамоти сотсиологии YouGov нишон дод, ки аз се ду ҳиссаи олмониҳо амалҳои ҳукумати федералиро манфӣ арзёбӣ мекунанд, дар ҳоле ки 31 фоизи пурсидашудагон нисбат ба онҳо "бениҳоят норозӣ" ва 34 фоиз - "тамоман зид" мебошанд.
Мушкилот думболи мушкилӣ: эмгузаронӣ дар Аврупо чӣ гуна сурат мегирад - навор
Аз ҷумла кори вазири тандурустӣ Ҷенса Шпан аз ҳама беш дучори интиқод шудааст. Олмониҳо бештар на аз кори вазорати тандурустӣ, балки аз ҷой доштани фасод нигаронӣ мекунанд. Ва Шпан махсус дар меҳвари вокунишҳои олмониҳо қарор гирифтааст.
Маълум шуд, ки вазорати ӯ соли гузашта беш аз ним миллион ниқоб аз як ширкате харидааст, ки шавҳари мансабдор дар он мақоми роҳбариро ишғол мекунад.
Ва ин аз ягона ҳикояи шубҳанок дар атрофи як ҷуфти баландпояи ҳамҷинсгаро нест.
Тобистони соли 2020, ин ҷуфт аз як ноҳияи муди Берлин як виллаи боҳашамат хариданд, ки ин як ёдгории меъморӣ аст. Рӯзноманигорон ошкор карданд, ки қисми асосии қарзи харид аз бонк гирифта шудааст, ки Шпан чанд сол пеш ба он дохил шуда буд.
Вақте ки дар ВАО ғавғо сар зад, вазир кӯшиш кард, ки онҳоро хомӯш кунад ва нашри маблағи дақиқи пардохткардаи ӯро барои амволи ғайриманқулро манъ кард ва таъкид кард, ки ин як масъалаи комилан хусусӣ аст. Аммо, рӯзи дигар ӯ дар ин масъала мағлуб шуд - мувофиқи маҷаллаи Spiegel, виллаи бадастомада 4,125 миллион евроро ташкил медиҳад.
Ва то интихоботи федералии парлумонии Олмон шаш моҳ мондааст. Пас, комилан фаҳмо аст, ки чаро бо назардошти чунин атроф таҳлилгарон дурнамои аъзои ҳизби Ангела Меркелро хеле номусоид арзёбӣ мекунанд.
Ирландия низ аз ваксинаи AstraZeneca даст кашиданист
Илова бар ин, сиёсати эмгузаронии аврупоӣ дар шакли афзоиши шадиди нобоварӣ ба мардум самар дод. Пеш аз ҳама, AstraZeneca ба тақсимот афтод. Тибқи як пурсиши худи ҳамон хадамоти YouGov, танҳо 32 фоизи олмониҳо ваксинаи Англия ва Шветсияро бехатар меҳисобанд. Фаронса, Испания ва Италия низ чунин натиҷаҳо медиҳанд. Ва мақомоти Лаҳистон расман эълом доштанд, ки тақрибан 70 фоизи шаҳрвандони кишвар аз эмгузаронӣ бо ин дору даст мекашанд.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт мавқеъяшро дар бораи AstraZeneca гуфт
Хашми олмониҳоро бештар мавқуф шудан ва дигарбора иҷозати ваксинзанӣ бо ин дору барангехт. Баъзе кишварҳо аз вояи аллакай харидашуда халос мешаванд, аммо Брюссел таҳдид мекунад, ки содироти доруҳоро аз ИА манъ мекунад.
Агентии доруҳои Аврупо ҳеҷ робитае байни ҳолатҳои тромбоз ва истифодаи ваксина пайдо накард. Аммо чунин якбора аз ҷониби ду гурӯҳи тадқиқотӣ - дар Норвегия ва Олмон - новобаста аз якдигар кашф карда шуд. Ва акнун Институти Миллии Аллергия ва Бемориҳои Инфексионии Иёлоти Муттаҳида ҳезумро ба оташе андохт, ки дар он AstraZeneca бирён мешавад ва гуфт, ки ширкати дорусозӣ метавонад маълумоти нопурра дар бораи самаранокии рушдашро пешниҳод кунад.
Мусаллам аст, ки натиҷаи асосии чунин ихтилофот коҳиш ёфтани эътимоди мардум на танҳо ба як маводи доруворӣ, балки ба сохторҳои расмӣ аз як сӯ ба сӯи дигар партоб мекунанд.
Ҳикмати кӯҳна мегӯяд, ки давидани генерал дар замони осоиш боиси ханда ва дар замони ҷанг бошад, муҷиби ваҳм мешавад. Дар вазъияти бӯҳронӣ, ҳатто қарорҳои нодурустро метавон оромтар қабул кард, нисбат ба нофаҳмию ғайрикасбии масъулин, ки зарари биёртар меоранд.
Аммо, дар ин қоида истисноҳо низ мавҷуд аст. Вақте ки иштибоҳи он комилан аён гашт, дар гумроҳӣ оммавӣ истодан хеле оқилона аст. Аммо, пас аз изҳороти Ангела Меркел, сарвазири Италия ва раҳбарони дигар давлатҳои Аврупо аз эҳтимолияти дастрас намудани ваксини "Спутник V" гуфтанд, ки Комиссари Аврупо дар бозори дохилӣ Тиерри Бретон фавран изҳорот дод, ки ИА ба ваксинаи Русия ниёз надорад.