Нархи машруботи спиртӣ дар Ӯзбекистон якбора баланд шуд

Барои нахустин бор нархҳои ҳадди ақали нӯшокиҳои спиртӣ дар Ӯзбекистон 1 январи соли 2010 ҷорӣ карда шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 март - Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон нархҳои нави ҳадди ақали яклухт ва чаканаи нӯшокиҳои спиртиро ҷорӣ кард.
Ҳамин тариқ, мувофиқи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, нархи чаканаи арақ 20,7% боло рафт.
Аз арақ то шириниҳои зараровар: кашфи беш аз 2 миллион кило маҳсулоти ғайристандартӣ
Ин тағйирот танҳо ба нархи оби ҷав таъсир нарасонид.
"Нархи ҳадди ақали яклухти арақ аз 20 март аз 24 ҳазор то 28,6 ҳазор сӯм, чакана аз 28,5 ҳазор то 34,4 ҳазор сӯм барои як литр афзоиш ёфт", - омадааст дар матни қарор.
Ҳамин тариқ, нархи яклухти арақ аз 2,3 то 2,7 доллари ИМА зиёд шуд, ки он 19,2% -ро ташкил дод, дар бозори чакана болоравии нарх боз ҳам бештар - аз 2,7 то 3,3 $ ё 20,7% -ро ташкил медиҳад.
Бори аввал дар Ӯзбекистон 1 январи соли 2010 нархҳои ҳадди аққали нӯшокиҳои спиртӣ, ба истиснои оби ҷав, ҷорӣ карда шуданд.
Дар ин муддат арзиши ҳадди ақали алкогол бештар аз дуюним баробар афзоиш ёфт. Бори охир нархи машрубот дар Ӯзбекистон моҳи октябри соли 2020 баланд шуда буд.
Коршинос гуфт, нӯшидани машруботи спиртӣ барои то 21-солаҳо чӣ хатар дорад
Нархҳои яклухт ва чаканаи шароб (коняк) низ мутаносибан 19,1% ва 17,9% афзоиш ёфтанд.
Дар ҳамин ҳол, коняк аз 33 ҳазор то 41,2 ҳазор сӯм, чакана аз 39 ҳазор то 49,4 ҳазор сӯм барои як литр гарон шудааст, гуфта мешавад дар қарор.
Тибқи ҳисобҳои ҳукумат, татбиқи ин тадбир маҳсулоти машруботи спиртии дар соя бударо берун бароварда, ба даромади буҷа мусоидат хоҳад кард.