Русия ба донишҷӯёни 25 давлат иҷозати вуруд дод

Ахиран рӯйхати давлатҳое, ки донишҷӯянашон иҷозати дубораи вуруд ба Русия пайдо карданд, эълон шуд. Аммо номи Тоҷикистон ин навбат ҳам аз рӯйхат берун монд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Русия рӯйхати давлатҳоеро нашр кард, ки ба донишҷӯёни онҳо иҷозати вуруд ба Русия дода шуд.
Дар Ӯзбекистон мехоҳанд феҳристи электронии манзилҳои иҷораро барои донишҷӯён омода кунанд
Дар маҷмӯъ, донишҷӯён аз 25 кишвар метавонанд ба Русия баргарданд. Вуруд ба Федератсияи Русия барои шаҳрвандони кишварҳои зерин иҷозат дода мешавад: Абхазистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Ветнам, Юнон, Миср, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Куба, Молдов, АМА, Сейшел, Сербия, Сингапур, Танзания, Туркия, Финляндия, Швейтсария, Эфиопия, Кореяи Ҷанубӣ, Осетияи Ҷанубӣ, Ҷопон.
Донишҷӯёни Тоҷикистон боз берун аз рӯйхат монданд.
Гуфта мешавад, донишҷӯёни кишварҳое, ки иҷозаи вуруд дарёфт карданд, бояд қабл аз омадан 10 рӯз пеш тавассути суроғаи электронӣ маъмурияти донишгоҳро огоҳ созад.
Зимнан, дар мактуби ҷавобӣ ба онҳо қоидаҳои ташриф овардан, расонида мешавад.
Русия вуруд ба донишҷӯёни хориҷиро иҷозат дод: толибилмони тоҷик ба рӯйхат шомиланд ё на?
Илова бар ин се рӯз пеш аз сафар ба Федератсияи Русия бояд ташхиси сиҳат будан аз маризии коронавирусро бигиранд. Ташхиси такрорӣ пас аз расидан ба Русия гирифта мешавад.
Бидуни натиҷаи санҷиши дуюм донишҷӯён ба таҳсил роҳ доа намешаванд.