Нуқтаи поин: равобити ИМА ва Русия дар ҳоли гусастанист - навор

Изҳороти дурушти Ҷо Байден ба буҳрони нав дар муносибатҳои Русия ва Амрико боис шуд
Sputnik
Муносибати Русия ва Амрико, ки чандон хуб нест, пас аз изҳороти ахири кишвардори ИМА Ҷо Байден боз печидатар шуд.
Байден дар мусоҳибаи ахири худ, Русияро боз ба он муттаҳам намуд, ки гуё ба интихоботи президентии он кишвар дахолат намуда, нияти муташанниҷ намудани вазъи Амрикоро доштааст.
"Дашномдиҳанда худ лоиқи дашном аст": Путин ба Байден посух дод - навор
Илова бар ин, раисҷумҳури Амрико, Владимир Путинро "қотил" номид.
Маскав иддао дорад, ки муносибатҳои миёни Русия ва Амрико ба сатҳи поинтарин расидааст. ВУХ - и Русия ҳатто сафирашро аз Вашингтон барои машварат бозхонд кард.
Зимнан, сухангӯи президенти Русия, Дмитрий Песков, дар робита ба изҳороти ахири Байден қайд намуд, ки "вай бешубҳа ҷонибдори беҳтар шудани муносибатҳо миёни Русия ва Амрико нест".
Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин таъкид намудааст, ки Русия муносибаташро ҳамоно бо амрико идома медиҳад, аммо ҳоло танҳо дар шарту шароит ва соҳаҳое, ки ба давлати онҳо манфиатовар бошанд.