Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таври оммавӣ аз ваксини AstraZeneca рӯ мегардонанд. Ҳоло дасти кам 9 давлат: Австрия, Дания, Норвегия, Исланлия, Эстония, Литва, Латвия, Люксембург ва Кипр аз истифодаи ваксинаи мазкур даст кашиданд. Ҳамзамон Италия низ ба вуруди ин ваксин нуқта гузошт.
Саркашӣ аз истифодаи ваксинаи AstraZeneca пас аз он сар зад, ки сару садоҳо дар мавриди бад шудани вазъи нафароне, ки эм гирифтаанд, якбора авҷ гирифт.
Ҳатто дар чанде аз кишварҳои аврупоӣ мавориди фавт пас аз гирифтани эм бо AstraZeneca низ ба қайд гирифта шуд.
Муайян гардидааст, ки аксар эмгирифтагон ба мушкилии тромбоэмболӣ гирифтор шуданд.
Аммо ширкати AstraZeneca ҳамоно пофишорӣ мекунад, ки ваксини онҳо комилан бехавф аст ва наметавонад боиси пайдо шудани чунин мушкилиҳо шавад.