Ҳароси ИМА аз нерӯи баҳрии Русия дар Атлантика: акнун НАТО дар бораи муҳосира фикр мекунад

Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳояш аз фаъолияти флоти Русия дар Уқёнуси Атлантик ба ҳарос афтодаанд
Sputnik
Мақомоти низомии Ғарб бар онанд, ки нерӯи дарёии Русия гӯё ба амнияти минтақа таҳдид мекунад.
Пентагон хусусан аз киштиҳои зериобии Русия, ки "дар соҳилҳои Иёлоти Муттаҳида" торафт зуҳур мекунанд "ва мушаки нави гиперсадоии "Циркон", ки соли оянда бо нерӯи дарёии Русия ба кор шурӯъ мекунад, нигарон аст.
НАТО боз Русияро ба таҷовуз муттаҳам кард: Маскав чӣ посух дод - навор
Кеннет Брайтвайт, собиқ котиби нерӯи баҳрии ИМА гуфтааст, ки барои ҳалли мушкилоти беназире, ки дар театри ҷанги Атлантик ба вуҷуд меоянд, мо нерӯҳои баҳрии худро дар ин минтақаи муҳим ба вазифаи аслии худ - назорати роҳҳои баҳрии наздик шудан ба қаламрави Иёлоти Муттаҳида ва иттифоқчиёни мо равона хоҳем кард.
Низомиёни ИМА метарсанд, ки киштиҳои зериобӣ бо истифода аз ин мушаки охирин метавонанд ба ҳадафҳои заминии саросари Иёлоти Муттаҳида зарба зананд. Дар ин ҳолат, "Циркон" барои онҳо дахлнопазир хоҳад буд. Аз ин рӯ, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО кӯшиш мекунанд, ки роҳи пешгирии наздик шудани киштиҳои низомии Русия ба соҳилҳои Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои онро пайдо кунанд.
Яке аз идеяҳое, ки ба сарони мақомоти низомии ИМА ва НАТО омадааст, муҳосира аст. Аммо, ин гузина баробари эълони ҷанг аст.
"Ба Русия баробар шуда наметавонанд": ИМА заифии артишашро фош кард
Александр Хроленко, коршиноси ҳарбӣ мегӯяд: "Муҳосираи баҳрӣ як навъи амалиёти низомӣ аст. Ин баробари эълони ҷанг мебошад. Аз эҳтимол дур аст, ки НАТО якдилона чунин тасмим бигирад, зеро посухи нерӯи дарёии Русия бешубҳа хеле сахт хоҳад буд".