ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Овозхон Манижа Сангин иқрор шуд, ки мавҷи вокунишҳои шадид, ки "болояш рехтанд", дарк мекунад.
"Ман медонам, ки барои чӣ бо ин ҳама вокунишҳо рӯбарӯ шудам, вале ман наметавонам ҳамаро маҷбур созам, то маро дӯст доранд. Ман ҳавои хуб нестам, ки ба ҳама писанд оям",- гуфт сароянда дар мусоҳиба бо ТАСС.
Манижа қайд кард, ки иддае миллати ӯро дӯст намедоранду барои баъзеҳо ӯ ҳавобаланд менамояд ва ё номи шарқияшро намедонанд.
Ӯ ҳамзамон эътироф кард, ки баъзан, ҳатто дар байни дӯстон, фарқ кардани онҳое, ки воқеан ба ӯ муносибати воқеӣ мекунанд ва ё қалбакӣ, душвор аст.
"Танҳо тақдир ва зиндагӣ бо амали онҳо нишон хоҳад дод", - гуфт сароянда.
Ҳамзамон, вай таъкид кард, ки ӯ на танҳо бо вокунишҳои манфӣ, балки бо он низ рӯ ба рӯ шудааст, ки мардум ба ӯ таваҷҷӯҳи бештар пайдо кардаанд.
Ба унвони мисол - дар камтар аз як рӯз 1,5 миллион нафар суруди Russian Woman-ро тамошо кардаанд.
"Зиёда аз 30 ҳазор шарҳ, ки аксарияти онҳо мусбатанд. Ман ҳеҷ гоҳ чунин мактубҳои бениҳоят самимӣ нагирифтаам. Ҳоло ҳам мардон ва ҳам занон менависанд, ки онҳо ҳиссиёти маро мефаҳманд", - гуфт Манижа.
Дар мавриди вокунишҳои манфии шадид, ӯ эътироф мекунад, ки ба чунин ҳолат кас наметавонад омода бошад, гарчанде хеле пештар фаҳмид, ки на ҳама ӯро қабул мекунанд.
Бо вуҷуди ин, Манижа гумон надошт, ки ба чунин миқдор "бадхоҳии рӯирост" рӯбарӯ мешавад.
"Ман ба касе бадӣ накардаам. Ман баромада, суруд хондам - тамом! Дар аввал ман чӣ гуна рафтор карданамро намефаҳмидам ва баъд якбора бароям хеле осон шуд. Медонед чаро? Солҳои зиёд ман бо ҳамин кор машғул будам, паёмҳои шабеҳро пахш мекардам", - иқрор шуд сароянда.
Вай гуфт, дар вокунишҳои нави ба ӯ равонашуда нажодпарастиро равшан дарк кардааст.
"Ман як тоҷикам ва махсус ба забони русӣ суруд мехонам. Зеро ман Русияро муаррифӣ мекунам, ки онро ватани худ медонам. Чаро бояд ба касе монанд шавам ва сарамро сила намуда, холи изофӣ диҳанд? Дар ниҳоят, паёме, ки ман мерасонам, муҳимтар аз ҳама аст", - таъкид кард Манижа Сангин.
Сароянда аз маълумот дар бораи хешовандонаш, ки гӯё тақрибан нашъаҷаллобанд ва дар ҷустуҷӯи федералӣ мебошанд, дар ҳайрат афтодааст.
"Бубинед, суруд писанд аст ё не, ман онро ҳамчун як баҳонае мешуморам, ки на танҳо мусиқӣ, балки дар бораи чизҳои ҷиддитар сӯҳбат кунам. Бисёре аз шиносҳо, вақте мебинанд, ки нафрат дар атрофи ман зиёд мешавад, ба даҳшат афтоданд: ин чӣ гуна мумкин аст", - мегӯяд ӯ.
Ҳамзамон, Манижа ошкоро мегӯяд, ки чунин мушкилот дар саросари ҷаҳон вуҷуд дорад ва аз ин рӯ вазъи кунунии ӯ як навъ "қурбонии худ" аст, то каси дигаре дарк кунад, ки бо ақидаҳои нажодпарастона зиндагӣ кардан ғайриимкон аст.
Дар маҷмӯъ, иштирокчии Евровидение аз Русия гуфтааст, вай аз он касоне нест, ки аз интиқод ё баҳои манфӣ метарсад, бинобар ин, ҳатто шарҳҳои зери навиштаҳои шабакаҳои иҷтимоиро хомӯш намекунад ва ин корро нахоҳад кард, зеро тамоман вақте барои ин надорад.
"Ҷойи ҳарос надорад, ман аз ӯҳдаи ин кор мебароям. Ин барои хонаводаам вазнин аст, онҳо таҷрибаи маро надоранд ва хеле нигарон ҳастанд. Ман ҳеҷ гоҳ бо чунин ранг зиндагӣ накардаам. Ва Худоро шукр. Ҳоло мо бояд зуд барномаро тибқи қоидаҳои Евровидение омода кунем", - гуфт Манижа.
Ёдовар мешавем, ки дар 65-умин озмуни байналмилалии Евровидение, ки моҳи май дар Роттердам доир мешавад, Русияро овозхони 29-солаи зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин намояндагӣ мекунад.
Ӯ суруди муаллифии "Зани рус" -ро ("Русская женщина") ки бо он ғолиби овоздиҳии миллӣ дар Шабакаи аввал гардида буд, иҷро мекунад.
Сарфи назар аз мавҷи вокунишҳои манфӣ, ки сарояндаро фаро гирифтааст, Манижаро бисёр ҳунармандони маъруфи шоу-бизнеси Русия, аз ҷумла Дима Билан, Юлия Савичева, ҳунарпеша Чулпан Хаматова, рӯзноманигор ва сиёсатмадор Оксана Пушкина ва бисёр шахсиятҳои дигар дастгирӣ мекунанд.