Мутахассисони Роспотребнадзор барои баррасии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон меоянд

Як гурӯҳи мутахассисони Роспотребнадзор рӯзҳои наздик барои таҳлили вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон меоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин – Фролов зимни мулоқот бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гуфтааст.
Вазир гуфт, Русия барои аз сар гирифтани парвозҳо чӣ шарт гузоштааст
Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорат, зимни вохурӣ сафири Русия иттилоъ додааст, ки бо назардошти натиҷаи ҳосилшудаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Маскав баргузор гардид, рӯзҳои наздик ҷиҳати таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии Тоҷикистон мутахассисони Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Русия -Роспотребнадзор ба Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафари кории хеш ба Тоҷикистон дар назар аст, ки мутахассисони Роспотребнадзор аз озмоишгоҳҳои кишвар боздид намуда, ҳамзамон, бо табибони тоҷик вохӯрӣ ва табодули таҷриба намоянд. 
Раиси фурудгоҳи Внуково гуфт, кай парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад
Зимни мулоқот ҳамзамон вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Федератсияи Русия изҳори миннатдорӣ баён намудааст.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Оё дар баҳор парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад: посухи мутахассис
Қаблан Ширин Амонзода, вазири меҳнати Тоҷикистон низ гуфта буд, ки аз Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон як комиссияи босалоҳият меояд ва дар сурати тасдиқи набуди СОVID-19 дар ҷумҳурӣ масъалаи вуруди шаҳрвандони кишвар ба Русия бознигарӣ хоҳад шуд.
“Бо фиристодани як комиссияи босалоҳият ва аз назар гузарондани вазъият, масъалаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро бознигарӣ мекунанд”, - гуфт вазири меҳнати Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мақомоти Русия эълон карда буд, ки  мутахассисони Роспотребнадзори Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард ва хулосаи онҳо дар Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Русия баррасӣ мешавад.
Парвозҳои мустақим ба Тоҷикистон аз Ростов роҳандозӣ мешавад
Бар асоси додаҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон сар аз аввали сол кишвар орӣ аз бемории коронавирус аст.