ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Дар Аргентина сар аз авохири моҳи декабр ба эмкунии сокинон бо ваксини сохти Русия, “Спутник V” шурӯъ намудаанд.
Чанде пеш, раиси шаҳри Роке Перес, Хуан Карлоси 72 – сола низ айнан бо ҳамин ваксин эм гирифт.
Карлос аснои эм гирифтан бо худ акси кишвардори Русия Владимир Путинро овард.
Ӯ мегӯяд, “моро тарсонданд, ки Русия нияти заҳролудкардани шаҳрвандони Аргентинаро дорад, вале онҳо ҷони моро аз марг наҷот медиҳанд”.
Мири 72 – сола, акси эм гирифтани худро бо тасвири Путин дар сафҳаи Твиттери худ нашр намудааст.
Ҳоло ваксинаи “Спутник V”- ро дасти кам 45 кишвар тасдиқ намуданд ва рӯзи гузашта он дар Ироқ низ сабти ном гардид.
“Спутник V” нахустин ваксинаи сабтиномшудаи Русия алайҳи коронавирус аст, ки он дар заминаи аденовирус сохта шудааст, ки дар он гени коронавирус ҷойгир карда шудааст.
Вақте ки он ба ҳуҷайраҳо ворид мешавад, сафедаҳоро дар онҳо ба вуҷуд меорад. Дар ин асно масуният ба вуҷуд меояд, ки ба рушди антитела мусоидат мекунанд.
Ёдовар мешавем дар Русия расман се ваксина сабти ном шуда ваксинаи чорум "Спутник лайт" дар ҳоли санҷиш аст.
Нахуст ваксина "Сутник V", пас аз он "ЭпиВакКорона" ва ахиран "КовиВак" саввумин ваксина сабти ном шуд.