42 зарби корд барои 60 сомониву телефон: Саймумин гуфт, чӣ гуна таксиронро кушт - видео

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навори бозпурсии Саймумин Муҳиддинов, ки дар қатли ваҳшиёнаи таксирон бо 42 зарби корд гумонбар мешуд, нашр кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. ВКД-и Тоҷикистон дар як наворе ҷузъиёти пуррраи ин ҷиноятро мадҳушро шарҳ додааст.
Ба гузориши ВКД номбурда санаи 15 феврал соли равон бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт бо истифодаи зуровари автомашинаи мусофиркашони таксиии Эраҷи Эмомалӣро манъ карда бо корди ба ӯ ҳамла намуда аз ӯ ронанда талаби пулӣ кардааст. Баъд аз шунидани ҷавоби рад ба узвҳои ҳаётан муҳими ронанда 42 маротиба зарба зада бо як бераҳмии махсус дар кӯчаи деҳоти ба ҳалокат расонидааст.
Худи Саймумин Муҳиддинов зимни бозпурси гуфт: “гуфтамаш, ки 8 сомонӣ дорам мешавад? Гуфт намешавад. Манам беақлӣ карда, дар ёдам корд зад. Кордро гирифтам ба бари манаҳаш гузоштам. Ва ӯро таҳдид кардам, мехостам пулҳояшро бигирам. Ронанда тарсид дастамро гирифт, сипас  миёнамон занозанӣ сар зад. Охир дар ёд дорам, ки аввалин корди задаам ба китфаш буд”.
ВКД таъкид доштааст, ки Муҳиддинов Саймумин ба шаҳри Душанбе омада ба чанд рӯз ба айшу ишрат ва беҳудагарди машғул будааст.
ВКД ҳуввияти ҷавоне, ки таксиронро бо 42 зарби корд кушт, ошкор кард
ВКД-и Тоҷикистон таъкид кардааст, ки баъд аз куштори ронандаи такси номбурда аз ҷайби ӯ 60 сомонӣ ва телефони мобиливу дигар ҳуҷатҳоро гирифта аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Кормандони милитсияи дар давоми 24-соат ошкорсозии ин ҷинояти мудҳишро таъмин карданд ва муайян карданд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Муҳиддинов Саймумин Саймуддинович санаи таваллудаш 20.08.2000, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун содир намудааст.
Ӯ аз зодгоҳа дастгир ва ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуд.
Ҳоло нисбати гумонбаршаванда Саймумин Муҳиддинов дар Прокуратураи шаҳри Душанбе тибқи талаботи моддаи 104 (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда мавриди тафтиш қарор дорад.