Лӯлиҳо хонаҳое доранд, ки мову Шумо надорем: баҳси лӯлиҳо дар нишаст

Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ахиран таъкид доштааст, ки мақомот тасмим дорад лӯлиҳои минтақаро бо роҳи фароҳам овардани шароит аз талбандагӣ дар кӯчаҳо дур созанд
Sputnik
Убайдуллои Файзулло, ахиран зимни нишасти матбуотӣ қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир дар ягон сохтори давлатии ноҳия лӯлиҳо сари вазифа нестанд.
“Лӯлиҳо дар вазифаҳои давлатӣ кор намекунанд. Аз ҷумла миёни онҳо низ раисони ҷамоат нестанд”, - гуфт раиси ноҳия.
Аммо ва афзуд, ки солҳои ахир ҷавонони лӯлӣ ба сафи артиши Тоҷикистон даъват шуданд. Ба гуфтаи вай соли гузашта аз минтақаи Ҷ. Балхӣ чаҳор ҷавони лулӣ ба сафи артиши миллӣ пайвастааст.
Талабандагӣ ба ҷои таҳсил: дархости СММ аз Тоҷикистон дар мавриди лӯлиҳо
Ба гуфтаи мақомоти ноҳия дар 30 истиқлолият ба сафи артиш аз ин минтақа зиёда аз 30 ҷавони лӯлӣ  ба сафи артиш пайваста аст.
 Ҳамчунин Убайдуллои Файзулло зикр кард, ки солҳои ахир барои он ки фарзандони лӯлиҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон ба талбандагӣ машғул нашаванд, барномаи махсус роҳандозӣ шудааст.
Вай гуфт, ҳоло дар минтақа 3 мактабе вуҷуд дорад, ки дар он фарзандони лӯлиҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Раиси ноҳия бо таъкид афзуд, ки ҳоло нисбат ба солҳои қаблӣ шумори лӯлиҳо дар кӯчаву хиёбонҳо ба маротиб коҳиш ёфтааст.
“Дар аксари кишварҳои ҷаҳон мардумоне ҳастанд, ки ба талбандагӣ машғуланд. Дар Тоҷикистон ҳамин гуна мардум ҳаст”, - зикр кард раиси ноҳия.
Убайдуллои Файзулло бо ҳасуд афзуд, ки лӯлиҳо дар минтақаи  Ҷ. Балхӣ хонаҳое доранд, ки мақомдорони Тоҷикистон надоранд. Онҳо савори мошинҳое ҳастанд, ки шаҳрванди одии Тоҷикистон надорад.
“Онҳо Хонаҳое месозанд, ки мумкин ману мани мову шумо ё инки бойю ба давлати мо чунин хонаҳоро дар шаби хобашон мебинанд. Аксари хонаҳои онҳои аз ду ошёна баланд аст. Ягонташ мошини “Опел”-ла қизиқи ҳай кардан надорад”, - гуфт мақомдори тоҷик.
Ёдрас мешавем, қаблан Убайдуллои Файзулло Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар дода буд, ки як нафар аз лӯлиҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар сохтмони иншооти ҷашнӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон шудааст.
Душанбе: ду ҷавон худро маъюб вонамуд карда, талбандагӣ мекарданд - акс
“Саҳме, ки лӯлиҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар корҳои ободонии деҳаи худ анҷом додаанд, дар баъзе деҳоти калоне, ки ҳама соҳиби мансабҳои баланданд, чунин корҳоро накардаанд”, - изҳор дошт раиси ноҳия, аммо шарҳ надод, кадом деҳоти калону мансабдоронро дар назар дорад.
Раиси ҷамоати Ҳалевард Файзиддин Кишваров дар робита гуфт: “Ин нафаре, ки раиси ноҳия зикр кард, сокини лӯлитабори деҳаи “Коммунист” Нуриддин Яронов мебошад. Ӯ дар Русия фаъолият мекунад. Дар аввали сол як пул ба маблағи 72 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ сохта, ба истифода дод. Ҳамчунин бо ҳамдеҳагонаш дарвозаи деҳаашонро ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ сохтанд. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти семоҳа барои фаъолона иштирок карданаш дар сохтмони иншооти ҷашнӣ соҳиби мукофот ва ифтихорномаи раиси вилоят гардид. Ҳамзамон Лӯлии саховатманд тасмим дошт истгоҳи замонавӣ дар ҳудуди деҳаашон, ки наздики шоҳроҳ аст, бисозад”.