Афғонистон бо сарфи 2 миллиард доллар як биёбонро ба фурудгоҳи байналмилалӣ табдил медиҳад

Интизор меравад, ки ба ҷои биёбоне дар вилояти Лугари Афғонистон фурудгоҳи байналмилалӣ бо арзиши 2 миллиард доллар бунёд шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Ҳукумати Афғонистон нақша дорад, дар шарқи вилояти Лугар фурудгоҳи бузурги байналмилалӣ ва замонавӣ бунёд кунад. Дар ин бора "Тулӯъ нюс" гузориш медиҳад.
Тарве Раёсати ҳавонавардии Афғонистон хабар додааст, арзиши лоиҳа 2 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Бонг аз Афғонистон то Ӯзбекистон: маълум шуд, кай сиренаи нави кӯли Сарез ба кор медарояд
Ба гуфтаи намояндаи ниҳод Муҳаммад Қосим Вафоизода, фурудгоҳи нав баробар ба фурудгоҳи байналмилалӣ дар Кобул хоҳад шуд, ки метавонад ҳамасола то 10 миллион мусофирро қабул кунад. 
"Фурудгоҳ вилояти Лугарро ба яке аз минтақаҳои муҳими дорои роҳҳои ҳавоӣ дар кишвар табдил медиҳад ва онро бо бозорҳои дохиливу ҷаҳонӣ пайванд хоҳад кард",- таъкид кардааст Вафоизода.
Лоиҳа дар давоми 3 сол амалӣ хоҳад шуд, аммо тарҳ пурра дар давоми 15 сол иҷро мешавад.
Афғонистон аз кишварҳои ҳамсоя барои бозсозии маконҳои таърихӣ кумак хост
Он дар биёбони Муҳаммадоғои ноҳияи Лугар, дар наздикии кони миси Айнак ҷойгир шудааст.
Маълум аст, ки арзиши давраи авали сохтмони фурудгоҳ 200 миллион долларро ташкил медиҳад, ки пас аз он фурудгоҳ метавонад хатсайрҳои дохиливу хориҷиро қабул кунад. 
Раиси вилояти Лугар Аббудқаюм Раҳимӣ аллакай аз "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) дархост кардааст, ки дар таъмини амнияти он ҳамкорӣ кунанд.