Пушти "Спитамен бонк" Нурализода меистад? Посухи худи Ҷамолиддин

Ҷамолиддин Нурализода, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон, сару садоро дар бораи он, ки дар пушти "Спитамен бонк" худи ӯ меистад, шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Нурализода зимни нишасти матбуотӣ пуштибонияшро аз "Спитамен бонк", ки тайи солҳои охир фаъолияташ густурда шудааст, рад кард.
Ҳоли табоҳ: ҳукми мудири “Харбуза” ва ҳабси Алимардонов - акс
"Ба суоли якуме, ки барои шумо бисёр муҳим аст, ҷавоб медиҳам. Ман ҳамчун муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон ягон ташкилоти қарзиро пуштибонӣ намекунам. Дар доираи этикаи корӣ низ муносибат бо тамоми ташкилотҳои қарзиро дар як сатҳ нигоҳ медорам", - изҳор дошт Нурализода.
Ӯ қаблан низ рабт доштанаш ба "Спитамен бонк"-ро рад карда, чунин овозаҳоро як навъ стериотипсозӣ хонда буд.
"Вақте бонкҳо пешқадам мешаванд, ба музаффарияте ноил мегарданд, овозапароканиҳо мешаванд, ки гӯиё ин бонкҳо ба ягон нафари мартабаи баланд тааллуқ доранд. Ин нодуруст аст. Мо бояд чунин стериотипҳоро аз байн барем. Нисбати муассисони ин бонкҳо дар сомонаи онҳо иттилоъ дастрас ҳаст", - изҳор дошта буд Ҷамолиддин Нурализода зимни баҳси қаблии ин мавзуъ.
"Спитамен бонк" яке аз муассисаҳои нисбатан ҷадид дар бозори молиявии Тоҷикистон мебошад, ки дар як муддати кӯтоҳ шинохта шуд.