ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Мутеурраҳмон Каримӣ, Раиси иттилооту фарҳанги Балх аз дастури раиси ҷумҳурии Афғонистон барои бозсозии хонақоҳи Баҳоуддин Валад, падари мавлавӣ Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, шоиру орифи номдори порсигӯ дар вилояти Балх ва оромгоҳи Абурайҳони Берунӣ дар Ғазнӣ хабар дод, иттилоъ додааст сомонаи “Парстудей” дар истинод ба ба гузориши хабаргузории “Ово”.
Мутеурраҳмон Каримӣ афзуд, ки дар ин замина Афғонистон аз ҳамаи кишварҳои ҳамсоя дархости кумак мекунад.
Вай ҳамчунин илова кард, ки бозсозии хонақоҳи падари Мавлавӣ дар наздикии Мазори Шариф ва оромгоҳи Абурайҳони Берунӣ дар Ғазнӣ илова бар фароҳам кардани заминаи иштиғол барои мардум, тавваҷуҳи ҷаҳонгардонро низ ҷалб хоҳад кард.
Бар асоси навиштаҳои таърихӣ, хонақоҳи падари Мавлавӣ бо ҳамлаи муғулҳо вайрон шуд ва то кунун касе иқдом ба бозсозии он накардааст.
Ҳашт сол қабл давлати Туркия барои бозсозии ин хонақоҳ чаҳор миллион доллар ихтисос дода буд, аммо ин кишвар то кунун барои бозсозии ин банно иқдоме накардаву ин хонақоҳ дар остонаи нобудии комил қарор гирифтааст.
Ҳамчунин дар рӯзҳои ахир вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон омодагии ин вазоратхонаро барои кумак ба бозсозии усулии мақбараи Абурайҳони Берунӣ дар Афғонистон эълом кард.
Дар солҳои ҷанг бисёре аз осори бостонии Афғонистон дар маърази хатар қарор гирифт ё нобуд шуд.