ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо лоиҳаҳои тахиягардида бозсозии ҳудуди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҶБВ солҳои 1941-1945-и хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр ошно гардиданд.
Раҷаббой Аҳмадзода, зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳои иншооти пешниҳодшуда, таъкид намуд, ки шаҳри Хуҷанд бояд симои нав дошта бошад.
“Амалӣ шудани иқдоми мазкур бо риояи тамоми талаботи меъморию шаҳрсозӣ шаҳри бостонии Хуҷандро “Тирози ҷаҳон”-и воқеъӣ мубаддал хоҳад гардонд”, - қайд кардааст Аҳмадзода.
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини шаҳрсозӣ бо такмили лоиҳа бо назардошти васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии атроф, зеббахшии биноҳои баландошёнаи истиқоматию хизматрасонӣ, кабудизоркунии муҳити атроф ва ғайраҳо супоришҳои мушаххас дод.
Манбаъ таъкид доштааст, ки тайи солҳои охир симои шаҳри Хуҷанд дигаргун шуда, дар ояндаи наздик низ бо заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси ин шаҳри куҳан амалҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон вусъати тоза касб хоҳад намуд.