Пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус: сирри он дар чист - видео

Мақомоти Тоҷикистон расман эълон кард, ки бар вируси COVID-19 пирӯз шудааст: чӣ гуна Тоҷикистон тавонист аз ин вабои иср раҳо ёбад - дар навор
Sputnik

Давоми чанд ҳафта аст, ки дар Тоҷикистон ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба вируси корона ба қайд гирифта нашудааст.

“Аз моҳи январ соли 2021 коронавирус нобуд шуд. Дар Тоҷикистон имрӯз COVID-19 нест”, - гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба ҳукумати кишвар.

Мясников: Тоҷикистон аз сироятёбии сартосарӣ аз коронавирус канор намемонад

Аммо бояд қайд кард, ки дар баробари ин раисҷумҳур аз сокинон даъват кард, ки  риоя намудани қоидаҳои беҳдоштиро идома диҳанд.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ охирин кишваре буд, ки дар он вируси корона сабт шуда буд

Мубориза бо коронавирус аз 30 апрели соли гузашта оғоз ёфт ва ҳамагӣ 272 рӯз идома ёфт

Сирри он дар чист? Тоҷикистон барои мубориза бо вируси корона чанд иқдоми муҳим анҷом дод: барои мисол марзҳову масҷидҳо баста шуданд, инчунин фаъолияти муассисаҳои таълими ва боғчаҳои кӯдакона низ манъ карда шуд. Маъракаҳои варзишӣ ва  ҷашну маросимҳои бузург низ манъ карда шуд.

Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ба вируси корона 13 ҳазор нафар гирифтор шуданд 90 нафари дигар аз ин бемори ҷон бохтанд.