Чаро нерӯҳои ИМА дар Шимол мақар гирифта истодаанд?

Вазифаи нерӯҳои хушкигарду дарёии ИМА омӯхтани тарзи амалиёти ҷангӣ дар шароити вазнини Арктика якҷоя бо низомини Норвегия мебоошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Николай Протопопов. Артиши ИМА ҷойгоҳи худро дар Норвегия, дар наздикии марзи Русия тақвият дода истодааст. Дар моҳи январ тақрибан ҳазор нафар ҷангиёни пиёдагарди баҳрӣ дар ин ҷо мақар гирифтанд. Дар айни замон, сиёсатмадорон ва генералҳои амрикоӣ дар бораи афзоиши шиддат дар Арктика мегӯянд, ки ба гуфтаи коршиносон, худи онҳо эҷод мекунанд.  Пентагон Норвегияро барои чӣ омода мекунад - дар маводи РИА Новости хонед.

Дар меҳмонии викингҳо

Ҷангиёни дарёӣ дар доираи ба истилоҳ ҷойивазкунӣ аз Каролинаи Шимолӣ ба Норвегия кӯчонда шуданд.  Амрикоиҳо чанд сол аст, ки ба ин найранг рӯ меоранд - баъзе қисмҳои низомиро қисмҳои дигар иваз мекунанд ва контингенти низомии ИМА амалан дар кишвар ҳамеша ҳузур дорад.

“Ин иқдоми зебост”: Русия роҳи ҳалли ҳузури киштиҳои НАТО дар Баҳри сиёҳро пайдо карданд

Вазифаи нерӯҳои дарёӣ омӯхтани тарзи амалиёти ҷангӣ дар шароити вазнини Арктика бо роҳбарии мураббиёни Норвегия ва ҳамкории зич бо ҳамкорон аз НАТО мебошад. Дар моҳи феврал амрикоиҳо, норвегҳо, инчунин ҳолландҳо ва бритониёиҳо – ҳудуди тақрибан даҳ ҳазор ҷанговар - дар размоиши васеъмиқёси муштараки Joint Viking 2021 ширкат меварзанд.

Аъзои НАТО ҳаракати сареъи нерӯҳо ба масофаҳои дарозро тамрин хоҳанд кард, усулҳои мубодилаи иттилоотро дар ҳама сатҳҳо азхуд намуда, якчанд амалиёти муштарак анҷом медиҳанд.

Машқҳои Joint Viking ҳамасола баргузор мешаванд. Қӯшунҳо - мошинҳои зиреҳпӯш, артиллерия, ҳавопаймоҳо, киштиҳо ва киштиҳои зериобӣ - амалиётҳои шадиди ҷангиро дар масоҳати чандсад километри мураббаъ, асосан дар минтақаҳои ҷангал ва кӯҳистон тарҳрезию тамрин мекунанд.

Коршиноси ҳарбӣ, Александр Жилин дар мусоҳиба бо РИА Новости қайд кард, ки мувофиқи доктринаи ҳарбии ИМА, артиши онҳо ҷангро асосан дар хориҷа меомӯзад.

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

"Аз ин рӯ, сиёсати давлат тавре сохта шудааст, ки низомиёни амрикоӣ ба таври доимӣ дар кишварҳои дигар пайдо мешаванд, то амалиётҳои ҳарбӣ, иктишофӣ, парвозҳои фурудгоҳҳо, убур аз роҳҳои баҳриро тамрин мекунанд. Диққати махсус ба амалиёти муштарак дода мешавад, чун амрикоиҳо одат кардаанд, ки бо дасти бегонаҳо ҷанг кунанд", - шарҳ медиҳад ӯ.

Ба гуфтаи коршинос, Пентагон вазъро ба таври сунъӣ шадидтар мекунад, зеро ИМА ва НАТО якравона аз даъвоҳои худ ба Арктика даст намекашанд.

"Машқҳои нерӯҳои дарёӣ на ҳимоявӣ, балки ҳамлаӣ хоҳанд буд. Онҳо инчунин амалҳои зидди Русияро таҳия хоҳанд кард. Агар ҳаракатҳои НАТО-ро дар Аврупо дар маҷмӯъ таҳлил кунем, маълум аст, ки онҳо талоши эҷоди минтақаҳои ташаннуҷ барои Маскавро доранд. Артиши мо наметавонад, аз ҷумла, он чизеро, ки дар Норвегия рух медиҳад, бе вокуниш гузорад.  Воҳима вуҷуд надорад, аммо қувваҳо ва воситаҳо ба размоишҳо таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Мо бояд вазъро комилан назорат кунем, нагузорем, ки иғвоҳо сурат бигиранд", - изҳор дошт Жилин.

Пойгоҳи шимолӣ

Артем Куреев, коршиноси бошгоҳи таҳлилии “Валдай” қайд мекунад, ки амрикоиҳо дар Аляска инфрасохтори низомии худро доранд, то тактикаи ҷанг дар Арктикаро машқ кунанд, аммо онҳо ба ҳар ҳол авло медонанд, ки дар Норвегия тамрин кунанд.

"Ин қадамҳои авваланд": чаро Амрико зердарёиҳоро ба наздикии марзи Русия интиқол медиҳад

"Онҳо ба ин ҳамчун пешсафони НАТО ниёз доранд. Норвегия қадимтарин узви паймон аст. Осло Русияро душмани эҳтимолӣ мешуморад. Ҳанӯз дар ҷанги сард норвегҳо инфрасохторро барои муқовимат бо Иттиҳоди Шӯравӣ дар Арктика эҷод карданд ва нигоҳ доштанд. Ин ҳоло ҳам идома дорад. Дар сурати шиддати вазъ, Норвегияи Шимолӣ фавран ба пойгоҳи асосии НАТО дар роҳ ба Мурмански Русия табдил хоҳад ёфт",- таъкид мекунад Куреев.

Хоҳиши Вашингтон барои пайдо кардани мавқеъ дар Арктика ва дигар кишварҳоро аз он ҷо танг кардан, аз стратегияи нави арктикии Флоти баҳрӣ ва Қувваҳои хушкигарди дарёии ин кишвар шаҳодат медиҳад. Аз ҷумла, дар он гуфта мешавад, ки "бидуни ҳузури баҳрии Амрико дар минтақаи Арктика, Русия ва Чин бештар ба сулҳ ва шукуфоӣ таҳдид мекунанд".  Тавре вазири нерӯҳои баҳрии ИМА Кеннет Брайтвайт қайд кард, Пентагон нақша дорад, ки киштиҳои ҷангӣ ва киштиҳои зериобиро доимо дар Арктика нигоҳ дорад, то минтақаи обии наздикии соҳилҳои Русияро посбонӣ кунад ва "ҳамлаи Маскав дар Шимоли Дур" -ро пешгирӣ намояд. Гузашта аз ин, нерӯҳои пуриқтидори заминӣ низ дар Арктика мутамарказ хоҳанд шуд.

Дар ҳама ҷабҳаҳо

Бояд қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида аллакай дар шимол ҷойи пойи ҷиддӣ ёфтааст ва Норвегия дар ин кор тақрибан нақши асоситарин мебозад.

Ҳамин тавр, дар моҳи сентябр хабар дода шуд, ки киштии зериобии ҳастаии гуруҳи Seawolf ба бандари Тромси Норвегия омадааст, ки вазифаи асосии он пайгирии хатсайрҳои киштиҳои зериобии Русия мебошад. Қаблан Иёлоти Муттаҳида "барои боздории Русия дар шимол" Флоти дуюмро барқарор кард, ки масъули Атлантика, як қисми Уқёнуси Ором, Уқёнуси Шимолӣ мебошад. Ин қисми флот барои сарфаи маблағҳои буҷа дар соли 2011 лағв шуда буд.

“Паём ба Русия”: чаро ИМА ба соҳилҳои Норвегия киштии махфии зериобӣ фиристод?

Акси садои дигари Ҷанги Сард пойгоҳи баҳрии зеризаминии Олавсверн дар Норвегия мебошад, ки ҳамагӣ 350 километр дуртар аз марзи Русия ҷойгир аст.

Дар як бункери азиме, ки дар солҳои 1960-ум сохта шуда, бо қабати 300-метраи сангу хок муҳофизат шудааст, киштиҳои зериобӣ ва киштиҳои НАТО ҷойгир буданд, бандарҳои таъмирӣ фаъолият мекарданд ва лавозимоти ҷангӣ захира мешуданд. Дар ҳар лаҳза, флоти эътилофи ғарбӣ метавонист роҳи дарёии киштиҳои шӯравиро ба баҳри Норвегия ва Атлантикаи Шимолӣ бандад. Дар охири солҳои 2000-ум, пойгоҳ ҳамчун иншооти дигар нолозим баста шуд, аммо ҳоло қасд доранд онро дубора фаъол кунанд.

Пентагон инчунин тақвияти нерӯҳои ҳавоӣ дар Арктикаро ҷиддӣ гирифт. Ҳамин тавр, дар соли гузашта машқҳои бузургмиқёси нерӯҳои ҳавоии Амрико ва Норвегия баргузор шуданд. Якбора шаш ҳавопаймои бомбаандози стратегии B-52 Stratofortress аз болои Қутби Шимол парвоз карданд ва якҷоя бо ҳавопаймоҳои ҷангандаи нерӯҳои ҳавоии Норвегия парвозҳои омӯзишӣ анҷом доданд. Чанде пеш маълум шуд, ки Пентагон дар моҳи феврал аз Техас ба пойгоҳи ҳавоии Эрланд чаҳор ҳавопаймои "стратегӣ"-и  B-1BLancer -и фаросавтиро интиқол медиҳад.