Тоҷикистон аз Русия дар бораи воксинаи “Спутник V” маълумоти пурра гирифт

Русия ба Тоҷикистон дар мавриди воксинаи зидди вируси корона “Спутник V” пурра маълумот додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров эълон кардааст, ки ҷониби Русия дар мавриди воксинаи зидди вируси корона “Спутник V”  пурра маълумот ирсол кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.

Эмгузаронии низомиёни рус дар Тоҷикистон оғоз шуд – видео

Ҷаъфаров зикр кардааст, ки маълумот тавассути каналҳои дипломатӣ дастрас шуд.

Гуфта шудааст, ки воксинаи “Спутник V” –ро як гурӯҳи кории махсус меомӯзад ва сипас дар бораи хариди он тасмим гирифта мешавад.

Наврӯз Ҷаъфаров инчунин қайд кардааст, ки ҳоло Тоҷикистон воксинаи Pfizer сохти Амрикоро низ омӯхта истодааст.

Вай афзуд, ки мақомоти Тоҷикистон инчунин иттилоъ дар бораи воксинаи AstraZeneca- и Бритониёро низ интизор аст.

“Мо тамоми имконоти мувофиқ ба афзалиятҳои муайянкардаи кишварамонро баррасӣ хоҳем кард. Таъсирнокӣ ва бехатарии воксина бояд аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) сертификат шуда, инчунин интиқол аз кишвари истеҳсолкунанда ба Тоҷикистон осон бошад”,-таъкид кардааст Наврӯз Ҷаъфаров.