Тавсифи Президент аз Ғуломов: Акбар нақшаҳои ояндаашро гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз корҳои соҳибкор Акбар Ғуломов, писари собиқ ноиби сарвазири ҷумҳурӣ, марҳум Асадулло Ғуломов тавсиф кард
Sputnik

ДУШАНБЕ 16 дек - Sputnik. Раҳмон, ки имрӯз корхонаи фурӯзонакҳои диодии бунёдкардаи Ғуломовро ифтитоҳ кард, ин соҳибкорро намунаи ибрат хонд.

Акбар Ғуломов корхонаи нав бо 140 ҷои кориро дар Душанбе фаъол кард

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон иқдоми роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” Акбар Ғуломовро барои саҳм гузоштан дар татбиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 -2020” намуна арзёбӣ намуд.

Манбаъ афзуд, ки роҳбарияти гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” ҳамчунин дар роҳи расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионӣ бунёди чор корхонаи нави муштарак, аз ҷумла рангҳои насли нав, маҳсулоти нассоҷӣ, маҳсулоти сантехникӣ ва асбобҳои барқиро ба нақша гирифтааст.

Корхонаҳои Акбар Ғуломов инчунин ба истеҳсоли семент ва дигар масолеҳи сохтмонӣ машғул буда, тайи солҳои охир Тоҷикистонро аз воридкунандаи семент ба содиркунандаи ин маҳсулот табдил додаанд.