Риши Баҳром дароз шуду ситора гашт: ҳамандоми Макгрегор дар кӯчаҳо - видео

Баҳром Сафаралиеви 30-сола, сокини Қазоқистонро ба ситораи UFC монанд мекунанд. Ӯ мегӯяд, боре ришаш дароз шуду ба вай гуфтанд, ки ба Конор монанд шудааст. Ҷавон қарор дод, ки аз ин ҳамандомӣ истифода кунад
Sputnik

Сафаралиев пештар дар таваққуфгоҳи мошинҳо кор мекард. Боре ҳамкоронаш гуфтанд, ки ӯ ба ситораи муҳорибаҳои омехта Конор Макгрегор монанд аст. Ин монандӣ ҳаёти ҷавони қазоқро дигар кард.

"Дугоник" - и Зеленский дар Ӯзбекистон ёфт шуд - видео

"Боре ришам дароз шуд. Ҳамон вақт дар кор ба ман гуфтанд, ки ба Макгрегор монанд шудаам. Ман ҳам ба оина нигоҳ кардам ва розӣ шудам: дар ҳақиқат монанд будаам", - мегӯяд мард.

Ӯ қарор дод, ки аз ин монандӣ истифода кунад: акнун дар либоспӯшӣ, гашт ва тарзи гуфтор ба Конор тақлид мекунад. 

Боре Брюс Лии афғониро дидаед?

Баҳром бо ин имеҷи наваш дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол гашт ва дар натиҷа машҳур шуд. Феълан, ӯро ба барномаҳои телевизионӣ даъват мекунанд ва Макгрегори қазоқ тарки кор кардаву "шоумен" гаштааст.