ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Шоми дирӯз дар шаҳри Тошканд бозии аввали дӯстонаи дастаи футзали Тоҷикистон бо мунтахаби Қирғизистон доир шуд, хабар медиҳад ФФТ.
Бино ба гузориши Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрии ин дастаҳо бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.
Голҳои ин бозиро Юлдошбой Салимбаев, 6 (1:0) ва Алишер Сафаров, 20 (1:1) ба ҳадаф расониданд.
Ногуфта намонад, ки мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона, ки дар шаҳри Олмалиқ доир мегардад, имрӯз, 19 ноябр бо дастаи мизбон – Ӯзбекистон рақобат мекунад.
Ин бозии дӯстона дар доираи омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқаи чемпионати футзали Осиё доир мегардад.
Бахти баланд: Криштиану Роналду ба футболбози тоҷик соядаст дод
Ёдовар мешавем, ки қаҳрамонии Осиё аз 23 март то 3 апрели соли оянда дар Кувайт баргузор мешавад ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" бо дастаҳои мунтахаби Туркманистон, Ветнам ва Уммон рақобат хоҳад кард.
Аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии футзали Осиё дар Кувайт панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар Чемпионати ҷаҳон-2021 мушарраф мешаванд. Мусобиқаи қаҳрамонии футзали ҷаҳон аз 12 сентябр то 3 октябри соли 2021 дар Литва доир мегардад.