Пирӯзии Ҳабиб бар Гедҷӣ мардуми Доғистонро ба по хезонд - навор

Шаби гузашта кӯчаву хиёбонҳо ва роҳҳои мошингузар дар Доғистон пур аз одаму худрав буд. Ҳама пирӯзии Ҳабибро ба ҳамдигар таҳният мегуфтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 октябр - Sputnik. Новобаста аз пандемия, шаби дирӯз, Доғистон ғалабаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов бар Ҷастин Гетҷиро гарм таҷлил намуд. Хурду бузург, савораву пиёда ҳама ба кӯчаву роҳҳо баромада, ҳамдигарро барои пирӯз омадани размикори доғистонӣ таҳният мегуфтанд.

Хиёбони марказии Махачқалъа пур аз одаму мошин буд. Сокинони маҳаллӣ ба як овоз "Ҳабиб қаҳрамон" гуфта, хурсандӣ мекарданд.
Дар Доғистон низ ваъият ҳамингуна буд.

Ба назар чунин мерасад, ки дар шоми рақобати Ҳабиб бо Гетҷӣ ягон доғистонӣ хоб набуд ва ҳама ба кӯчаҳо рехтанд. Шодию хурсандии ҳамдиёрони Ҳабиб ҳадду канор надошт.

"Коратро ман давом медиҳам": Макгрегор муҳорибаи Ҳабиб бо Гедҷиро баҳогузорӣ кард

Ҳабиб, ки бори сеюм тавонист камарбанди қаҳрамонии худро ҳифз кунад, пас аз анҷоми муҳориба эълон намуд, ки куллан тарки UFC мекунад.

Маълум шуд, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз хатми “карера”-аш чӣ кор хоҳад кард-видео

Ӯ гуфт, ба модараш қавл дод, ки бори охирон бе ҳузури падар вориди октагон мешавад ва сипас тарки ин намуди варзиш мекунад.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов рақиби амрикоии худ Ҷастин Гетҷиро аз роҳи буғӣ кардан шикаст дод. Аз 29 муҳорибае, ки Ҳабиб анҷом додааст, ягон маротиба ба шикаст мувоҷеҳ нашуд ва акнун бидуни мағлубият дар ин намуди варзиш, ба фаълияти худ нуқта гузошт.

Ёдовар мешавем, соли 2019 дар Душанбе низ пирӯзии Ҳабиб Нурмуҳаммадов бар Дастин Пуареро таҷлил мекарданд. Шабе, ки рақобати ин ду размикор ба ғалабаи Ҳабиб анҷом ёфт, сокинони зиёд дар пойтахт ба хиёбонҳо баромада, ғалабаи Нурмуҳаммадовро якҷо қайд мекарданд.

 

Ҳамаи хабарҳоДар ҷаҳонНавигариҳои варзиши ТоҷикистонДоғистонҲабиб НурмуҳаммадовВидеопирӯзӣ