"Ғорат" - и се тоҷик дар Дубай аз ҷониби ҳамватан: 430 000 долларашонро гирифту фиреб дод

Садуридинов Муҳаммадиқбол зодаи шаҳри Бохтар дар фиреби се ҳамватани худ дар шаҳри Дубай муттаҳам дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз қаллобии як шаҳрвандии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб хабар медиҳад.

Фоида мегирем: боздошти як зани қаллоб, ки 90 ҳазори ҳамсолашро гирифту надод

Ба иттилои котиботи Прокуратураи Тоҷикистон, нисбати Садуридинов се тоҷикистонӣ  - Кабутов Неъматулло, Холов Сиёвуш ва Қаюмов Носиҳиддин бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуданд.

Қаллоб боздошт шуд: худравашро ба як кас пешниҳод карда пул гирифту ба нафари дигар фурӯхт

Ба изҳори муроҷиаткунандагон, Садуридинов моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубай, дар ҳузури шоҳидон аз Кабутов 130 000 доллар, аз Холов  120 000 ва аз Қаюмов 180 000 доллари ИМА (ҷамъан 430 ҳазор доллари ИМА) гирифта, ваъда медиҳад, ки дар баробари маблағи аз онҳо гирифтааш, ҳармоҳа аз 10 то 12 дарсад фоида хоҳад дод. 

"Барои ба даст овардани боварӣ, Садуридинов ду моҳи аввал аз маблағи додаашон 5 - 6 фисад маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди сипарӣ шудани ду моҳ, ба ҳамватанони худ дар бораи муфлис шудани тиҷораташ хабари бардурӯғ дода, ҳар гуна баҳонаҳоро пеш меовард", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубай ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор мекунад.

Ҳамин тариқ, Садуридинов бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 долларро тасарруф карда, ба шаҳрвандони зикргардида зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон мегӯяд, нисбати Садурдинов Муҳаммадиқбол парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад.