Рашид Раҳимов, мутахассиси шинохтаи тоҷик сармурабии тими "Уфа" шуд

Рашид Раҳимов, футболбоз ва мураббии маъруфи тоҷик сармурабии тими “Уфа”-и Бошқирдистон шудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 октябр - Sputnik. Дар ин бора бошгоҳи “Уфа” иттилоъ дода, гуфтааст, Рашид Раҳимов дар ин мақом Вадим Евсеевро иваз кардааст.

Cобиқ футболбози тими миллии Тоҷикистон, сармураббии “Химки” шуд

Дар бораи маблағи гузариш ва муҳлати шартномаи бо муттахассиси 55 солаи тоҷик иттилое нашр нашудааст.

Директори генералии Уфа Ринат Шайбеков Рашид Раҳимовро мураббии қавӣ гуфтааст.

“Мо бо Раҳимов тез ба мувофиқа расидем. Вазифа яктост, "Уфа" дар ҷое, ки ҳозир қарор дорад, бояд набошад. Мо сари таъйини Раҳимов истодем. Мутахассиси хеле қавист. Муҳлати шартнома то охири мавсим аст, давомашро мебинем. “, - гуфт Шайбеков

Рашид Раҳимов қаблан дар дастаҳои “Адмира“-и Австрия, “Локомотив”, “Амкар” ва “Аҳмат” ба ҳайси сармураббӣ фаъолият кардааст.

Рашид Раҳимов 18 марти соли 1965 дар Душанбе ба дунё омадааст. Дастпарвари клуби “Захираҳои меҳнатӣ”- и Душанбе аст.

Орзуи бозӣ дар Англия: дарвозабон Рустам Ятимов дар бораи футбол ва зиндагӣ - видео

Дар чемпионати СССР дар ҳайати “Помир”-и овозадор ба майдон мебаромад. Соли 1988 унвони устоди варзишро соҳиб шуд. Дар ҳайати тимҳои “Локомотив” ва “Спартак”- и Маскав бозӣ кардааст.