ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Ин санад дар ҳаҷми 18 сафҳа, ки аз сӯи Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошта шуд, бо имзои Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии кишвар ба қитъаҳои интихоботӣ ирсол шудааст ва қоидаҳои беҳдоштӣ ҳангоми раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии 11 октябри соли равонро танзим кардааст.
Дар фармони вазири тандурустӣ омадааст, ки ин санад таҳти унвони "Тартиби ташкили корҳои пешгирикунанда оид ба хатари паҳншавии бемории сироятии COVID 19 ва дигар бемориҳои сироятӣ барои комиссияҳои интихоботӣ дар давраи омодагӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Тартиб) бо мақсади андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ, инчунин ҳимояти фардии шаҳрвандон дар шароити пайдоиш ва паҳншавии бемориҳое, ки барои инсон хавфнок аст, таҳия ва иҷрояш ба ӯҳдаи комиссияҳои интихоботӣ, дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои тандурустии шаҳру ноҳияву вилоятҳо, хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ гузошта шудааст.
Интихобот-2020: ҳавзаҳои интихоботӣ дар Русия
Ниҳодҳои фавқуззикр муваззафанд, ки қабл аз маъракаи раъйгирӣ биноҳои интихоботӣ, маконҳои умум (ҳуҷраҳои хӯрокхӯрӣ, истироҳат, ҳоҷатхонаҳо ва ғайра) – ро зиддиуфунӣ карда, онҳоро бо зарфҳои воягиранда, собун, маҳлулҳои зиддиуфунӣ, ҳароратсанҷҳои фосилавӣ, сачоқҳои яккарата ё хушккунаки барқӣ таъмин намоянд ва ҳавои ҳуҷраҳои кориро ҳар 2 – 3 соат тоза кунанд.
"Безараргардонӣ бо каратнокии коркард дар ҳар 3 – 4 соат аз ҳама қисмҳои алоқаманд сатҳҳои дару тиреза, дастаи дар, васлакҳо, рӯйпӯшҳо, дастқапакҳо, сатҳҳо ва такяпушти курсӣ, панҷараҳо, таҷҳизоти маъмурӣ ва компютерӣ таъмин карда шавад", - омадааст дар Тартиб.
Тибқи ин санад, барои гузаронидани маъракаи интихоботӣ бояд як бинои кушод интихоб шуда, дар дохили он мизу дастгоҳҳои техникии аъзои участкаи интихоботӣ дар фосилаи 1,5 – 2 метр ҷобаҷо ва рӯи фарш аломатҳои махсуси ҳаракат (роҳнамо) – и раъйгирандагон кашида шавад.
15 дақиқа
Бино ба ин Тартиб, раъйдиҳандагон ба қитъаҳои интихоботӣ бо ниқобу дастпӯши яккарата ҳозир шуда, аз назорати ҳароратсанҷӣ гузаранд, дастонашонро то даромадан ба бинои раъйдиҳӣ бо маҳлули зиддиуфунӣ шӯянд, дар дохил аз рӯи аломатҳои махсуси ҳаракат (раҳнамо) ҳаракат кунанд ва аз якдигару аъзои комиссияҳои интихоботӣ 1,5 – 2 метр фосила гиранд.
"Барои гирифтани бюллетен (варақаи интихоботӣ) ба аъзои комиссияҳои участкавӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он) – ро бидуни ба дасташ супоридан ба ӯ пешниҳод кунанд, вале онро дар шакли кушода бо саҳифагардонӣ, саҳифаҳои ному насаб, ном, номи падар ва акс, инчунин ҷойи суроғаи маҳалли иқоматро нишон диҳанд", - омадааст дар санад.
Аз раъдиҳандагон тақозо мешавад, ки ҳангоми муайян кардани шахсият як лаҳза ниқобро аз рӯйи худ гиранд ва бо авторучкаи худ ба кабинаи раъйгирӣ ворид шуда, ба девору матоъ ва дигар ҷойҳои он даст нарасонанд ва зуд он ҷойро тарк кунанд. Дар умум, онҳо набояд аз 15 дақиқа зиёд дар бинои интихоботӣ ҳузур дошта бошанд.
Тибқи Тартиб, истеъмолу хӯроку нӯшокӣ, беҳуда ҳузур доштан дар бинои раъйдиҳӣ, бо даст салом кардану дигар тамосҳои ҷисмонӣ, истода суҳбат кардан ва бе зарурат ба ҳама сатҳҳои ҳудуди участкаи интихоботӣ, инчунин ба рӯй, чашм ва бинӣ даст расондан қатъиян манъ аст.
Аломатҳои махсус
Ҳамчунин тақозо аз нозирон (мушоҳидон), намояндагони васоити ахбори умум ва аъзои участкаи интихоботӣ дар бинои овоздиҳӣ низ мешавад.
Аммо ин афрод, ки дар қиёс бо раъдиҳандагон дар бино ҳузури бештар хоҳанд дошт, тибқи Тартиб муваззаф мешаванд, ки дар давоми рӯз ба такрор ниқобу дастпӯшҳои яккаратаи худро дигар кунанд, бо маҳлули зиддиуфунӣ дастҳои худро на камтар аз 30 сония бишӯянд ва аз назорати ҳароратсанҷӣ гузаранд.
"Ҳангоми рафтуомади зарурӣ дар макони овоздиҳӣ, дар ҳолати тамос гирифтан бо раиси комиссияи участкавии интихоботӣ ё шахси ӯро ивазкунанда барои изҳори пешниҳодҳо ва эродҳо оид ба ташкили овоздиҳӣ ва ё масъалаҳои дигар, мушоҳидон ва намояндагони ВАО бояд дар фосилаи иҷтимоии на камтар аз 1,5 – 2 метр аз аъзои комиссияи участкавӣ ва иштирокчиёни овоздиҳӣ қарор гирад. Барои чунин ҳолатҳо истифодаи аломатҳои махсус (роҳнамо) барои ҳаракати иштирокчиёни овоздиҳӣ дар макони овоздиҳӣ қатъӣ мебошад", - омадааст дар Тартиб.
Бино ба ин санад, аксбардорӣ ва наворҳои видеоӣ дар макони овоздиҳӣ аз ҷое, ки раиси комиссияи участкавӣ муайян кардааст, бо риояи фосилаи иҷтимоии на камтар аз 1,5 – 2 метр аз ҳозирини бино анҷом мегирад.
"Таҷҳизоти видеоӣ ва аксбардорие, ки дар давоми рӯз истифода мешаванд, бояд мунтазам бо маҳлули безараргардонӣ коркард карда шаванд", - омадааст дар санад.
Бо авторучкаи худ
Аъзои китъаи интихоботӣ ба ҷуз ин ки масъулияти ташкили раванди раъйгириро доранд, ин дафъа дар баробари кормандони тиббӣ масъуланд, ки вазъи иҷрои қоидаҳои фавқуззикри беҳдоштиро низ таҳти назорат дошта бошанд.
Аз ҷумла, бино ба Тартиб, онҳо муваззаф мешаванд, ки авторучкаҳоро пас аз имзо гузоштан ва пур кардани варақаи интихоботӣ аз сӯи раъйдиҳандагон ҳар дафъа бо маҳлули зиддиуфунӣ безарар кунанд.
Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон: барои иштирок дар интихобот 260 ҳазор имзо ҷамъ кардем
Тибқи ин санад, аъзои комиссияҳои интихоботӣ ҳангоми гузаронидани овоздиҳии сайёр вазифадор мешаванд, ки пас аз ҳар фурудоӣ аз мошини корӣ ашёву лавозимоти худро бо маҳлули зиддиуфунӣ коркард кунанд ва воситаҳои муҳофизати инфиродии худро такроран ба кор набаранд.
Аъзои комиссияҳои қитъавӣ ҳангоми ҳисоби овозҳо низ бояд қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддан риоя кунанд.
Тибқи Тартиб, аз онҳо хоста мешавад, ки ниқобу дастпӯшҳои яккарата дошта бошанд ва ҳангоми пур кардани ҳуҷҷатҳо аз авторучкаҳои худ истифода кунанд, аммо агар як авторучка бошад, пас аз истифодаи ҳар аъзои комиссия бояд безарар гардад.
"Баъди ба охир расидани маъракаи овоздиҳӣ макони овоздиҳӣ, даромадгоҳҳои он, ҳуҷраҳои санитарӣ ва ҷойҳои дигаре, ки дар давраи гузаронидани овоздиҳӣ ба аъзои комиссияҳои интихоботӣ, иштирокчиёни овоздиҳӣ ва шахсони дигар дастрас буданд, бояд пурра безарар гардонида шавад", - омадааст дар санад.
Дар қиёс бо дигарон, тибқи Тартиб, аъзои комиссияҳои участкавии интихобот бо ниқобу дастпӯш таъмин мешаванд ва ҳақ доранд як ҳуҷраи махсус барои сарфи таому истироҳат дошта бошанд.