Чаро Навалний бо олмониҳо бо “Новичок” бозӣ дорад

Достони “Новичок”-и Алексей Навалний рӯз аз рӯз ба поён мерасад ё инки қисми аввали ин достон хотима ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Бархе аз коршиносон бар он буданд, ки Берлинро маҷбур месозанд барои тағйири сиёсати шарқиаш аз парвандаи Навалний истифода кунад. Аммо ҳоло маълум шуд, ки сохтмони “Маҷрои шимолӣ -2” манъ намешавад. Маҳз ҳамин мавзӯъ матавонист тағйирёбии сиёсати Аврупоро нишон диҳад.

Чаро Меркел пинҳонӣ бо Навалний дидор кард?

Дар ҳамин ҳол, сару садоҳо атрофи заҳролудшавии оқои Навалний рӯз то рӯз зиёдтар мешавад. Дар ҷаласаи ахир Иттиҳодияи Аврупо истифодаи “ҷангафзори шимиёӣ” боз маҳкум шуд ва аз Русия хостанд ҳолати рухдодаро тафтиш кунад. Иттиҳодияи Аврупо ваъда дод, агар Русия тафтишотро оғоз накунад ду ҳафта пас боз бар масалаи вокуниш  бармегардад.

Ин дар ҳолест, ки худи оқои Навалний ахиран бо рӯзномаи Spigel мусоҳиба кард. Ӯ дар ин мусоҳиба дар мусмум шуданаш бо “Новичок” Владимир Путин раисҷумҳури Русияро гунаҳгор кард.

Ба назари Навалний агар ӯ бо “Новичок” масмум шуда бошад, ҳатман, ки ӯро бо фармони раисҷумҳур заҳролуд кардаанд. Ба ақидаи вай ин заҳро танҳо хадамотҳои махсуси Русия дорад. Бале ҳамаи чиз ба “Новичок” бастагӣ дорад. Аммо дар Русия нишонаҳои олудагӣ ба “Новичок”  ошкор нашуд, вале аҷиб дар он аст, ки нишонаҳои он ҳангоми ташхис дар Олмон пайдо шуд. Ҷониби Олмон то имрӯз ба Русия дар ин бора маълумоте надодааст, вале талаб дорад, ки истифодаи “ҷангафзори шимиёӣ” –ро тафтиш намояд. Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё “Новичок” буд ё на? Ба ақидаи ғарб ҳатман, ки буд ва Русия онро бояд бипазирад ва қотилонро пайдо намояд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳороти Берлинро дар бораи Навалний шарҳ дод

Хоб чаро ҷустуҷӯ кунем худи оқои Навалний алакай нафаронеро, ки мехостанд ӯро масмум кунанд, пайдо кардааст. Ҳафтаи дувум аст, ки ба мардуми ғарб дар бораи одати русҳо мегуяд, ки гӯё Кохи Кремлин тамоми мухолифонашро бо ин заҳри қатлкунанда масмум мекунаду нобуд месозад. Муҳим нест, ки ин заҳр, ки бояд инсонро дар лаҳзаҳо аввал ба қатл мерасонд, чандон таъсиррасон набудааст муҳим онаст, ин корро кӣ кардааст. Нафароне, ки шак доранд суоле медиҳанд, ки чигуна ниҳоди хунини Лубянка ва Путини абарқудрат (луфтакбози худи Трамп) натавонистанд аввал Скрипалҳо ва сипас Навалнийро заҳролуд карда нобуд кунанд?

“Spigel: Агар фарз кардем Путин набошад?

Навалний: Агар ӯ набошад, ин боз як ҳолати бадтар аз он аст. Як истакон “Новичок” барои заҳролудшавии тамоми мусофирони яке аз истгоҳҳои метрои Олмон кофӣ аст. Агар шумори нафароне, ки ба ин силоҳ дастарсӣ доранд на ба се балки ба сиҳ нафар расада бошад, ин хатари ҷаҳонӣ дорад. Ин бисёр бад аст.”

Навалний ба мардуми тарсоншудаи олмони тавсия медиҳад, ки ором набошанд. Вай гуфт, санҷиши “Новичок” ба ӯ анҷом намеёбад:

Олмон Алексей Навалнийро иҷборан хомӯш хоҳад кард

“Фикри бисёр рушани Олмон ба ман алоқамандии камтар дорад. Ин нишонаи онаст, ки Русия кадом роҳро интихоб кардааст. Агар Кохи Кремлин дар ин гуна амалиётҳо даст дошта бошад, чаро наметавонад фарз кардем ягон сиёсатмадори олмониро, ки бар сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” назар зид дорад, заҳролуд кунад?”

Дар ҳамин ҳол, дар мусоҳибааш оқои Навалний тарафдори қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” нест. Ин ҳам бе маъне ст, чун хонум Меркел мавқеъи худро дигар нахоҳад кард. Русия аз ин суханон танҳо норозигӣ баён мекунаду халос. Вале оқои Навалний тавсия медиҳад, ки маҳдудиятҳо аз тарафи кишварҳои ғарбӣ нисбати шахсони алоҳида ҷорӣ шаванд. Ба ақидаи вай то рӯзе, ки Русия аз инфрасохторҳои Аврупо истифода мекунад, ҳеҷ чизе иваз нахоҳад шуд. Агар Аврупо марзҳояшро бандаду дороиҳои онҳоро мусодира кунад ва нагузорад онҳо аз кишвар хориҷ шаванд ба онҳо ин иқдом таъсири бешатре хоҳад гузошт.

Онҳоро бояд аз Аврупо дур кунем? Чаро? Ба хотири боз ҳам шадидтар кардани низоъ миёни Русияву Ғарб? – оқибат ҳамин мешавад. Таҳримҳои Ғарб ба Русия фоидае ҳам овард, Аммо шаҳрванди Русия набояд аз кишварҳои Ғарб барои ҷорӣ кардани таҳримҳои шадидтар нисбати шаҳрвандони кишвари худ даъват намояд.

Русия ба Олмон ҳеҷ ёрӣ дода наметавонад

Хоб чаро барои Навалний шаҳрвандонаш бояд худи бошанд – онҳо барои вай қотиланд. Ӯ мегуяд “мо бо аждаҳои хашмгин, ки ба ҷинояти бадтарин даст мезанад, мубориза мебарем”. Мо натанҳо Навалний балки тамоми мардуми Русия  - ӯ ба мардуми Олмон ҳамон афсонаҳоеро нақл мекунад, ки қаблан дар бораи сарнагун шудани Путин мегуфтанд. “Низом дар Русия барои зинда монданаш мубориза мебарад ва оқибаташро мо ҳоло ба худ эҳсос кардем”, “Путин фикраш иваз шуд”, “чораҳои Аврупо бар зидди ҷинояткоронро 95 дарсади мардуми Русия дастгирӣ хоҳанд кард”. Яъне оқои Навалний ба мардуми ғарб ҳамон чизеро мефурушад, ки солҳои сол “мухолифони” Русия дар хориҷ аз он истифода мекарданд. – як ками дигар агар ғарб ба мо кумак кунад, Путин сарнагун мешавад.

Маълум аст, ки Навалний дар масмумшавиаш Путинро гунаҳгор медонад – “Ман бовари дорам, ки Путин дар ин кор даст дорад. Тафсирҳои дигае надорам.”

Иддаои Навалний аз суи мақомоти Русия шадидан маҳкум шуд. Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин оқои Навалнийро бешаруму номард номид. Вай гуфт ӯро аз халабн то пизишкон наҷот доданд. Масмумшавии Навалний аз тарафи Ғарб сохтакорӣ шудааст. “бо ин кор онҳо ба мо мушкил эҷод мекунанд ва намегузоран аз истиқлолияти Беларус ҳимоят намоем”, гуфт Володин.

Ин иштибоҳ аст: дар Олмон манъи сохтмони Маҷрои Шимолӣ-2”-ро маҳкум карданд

Вай гуфт, худи Навалний бо хадамотҳои ҷосусии кишварҳои Ғарб алоқа дорад.

Дар ҳамин ҳол, сухангуи раисҷумҳури Русия эълон кард, ки Навалний бо Идораи иттилооти марказии  Амрико кор мекунад. Вай афзуд, ки бо оқои Навалний мутахассисони Идораи иттилооти марказӣ кор мекунанд ва ба ӯ супоришҳои гуногун медиҳанд. Ва ин ҳам бори аввал нест.

Оқои Навалний қаҳр кард ва тасмим гирифт сухангӯи Путинро ба додгоҳ кашад. Вай даъво кард, ки Песков суханони гуфтаашро исбот кунад.

Аммо суол ин аст, ки оқои Навалний ба Русия бармегардад? Бале, ба хотири он ки ӯ бояд барои ба ҳадаф расиданаш бояд мубориза барад.  Ӯ бояд барои ивази сохтор ва самти ҳаракати Русия мубориза барад.

Худи Навалний чунин гуфт:

“Ҳоло рақобат миёни нафарони озодихоҳ ва нафароне, ки мехоҳанд моро боз ба ақаб баргардонанд идома дорад. Онҳо мехоҳанд моро ба кишвари монанди Иттиҳоди Шӯравӣ провославӣ бо симои капитализму олигархҳо баргардонанд”.

Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳороти Берлинро дар бораи Навалний шарҳ дод

Оқои Навалнй хатҳои сиёсиро дар Русия ингуна мебинад:

“Як қисми ҷомеа тарафдори Путин аст, ки Русия бояд бо як роҳи худаш биравад. Аз тарафи дигар нафароне ҳастанд, ки инро қабул надоранд ва хоҳони онанд, ки Русия бояд ба монанди Аврупо рушд кунад”.

Оқои Навалний мехоҳад худро муборизи режими авторитарӣ нишон бидиҳад.  Ҳоло як қисми сокинони пойтахт мунтазири бозгашти Навалний ҳастанд, ӯ ҳатман бармегардад ва ҳатман, ки ӯ бояд дар бораи “Новичок” рушанӣ андозад. Ҳамчунин барои суханони бардуруғаш дар назди додгоҳ бояд ҷавоб диҳад.