Табрикоти вазир: Имомзода талаботи нав аз омӯзгоронро гуфт

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо нашри як паём омӯзгоронро бо иди касбияшон, ки ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр таҷлил мешавад, шодбош гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Имомзода дар паёми шодбошияш гуфт, бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар кору фаъолияти омӯзгорон фазои наву мустақилият ворид гашт, омӯзгорон машғулиятҳои худро бо андешаҳои миллӣ мувофиқ карданд.

Ӯзбекистон дар ноҳияи Спитамен мактаб бунёд кард

Вазир зикр кард, ки аз 1 сентябри соли равон 15 дарсад зиёд шудани маоши омӯзгорон аз ҷумлаи ғамхориҳои давлат дар ҳаққи омӯзгорон мебошад.

“Замони муосир дар назди ҳар нафари аҳли маориф талаботи навро мегузорад ва аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳамқадами замон гардида, дар вусъати ислоҳоти соҳа, аз ҷумла, баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, пешниҳоди дастурҳои методӣ ва тайёр кардани шогирдони забондону мусаллаҳ бо донишҳои техникиву технологии муосир ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот масъулияти бештар дошта бошем”, - таъкид кард вазири маориф.

Ӯ дар охир дар хитоб ба устодон ва омӯзгорон гуфт, ки “бо заковату дониши баланд дар назди ҷомеа маҳбубияти хоса доред, ба муносибати Иди касбӣ – Рӯзи омӯзгорон самимона табрику таҳният намуда, ба Шумо саломатӣ, хушбахтӣ, рӯзгори ободу осуда ва дастовардҳои бештари эҷодӣ таманно дорам”.