ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Имрӯз вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита дидору мулоқот кард.
Бино ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар мулоқот масъалаи муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон дар заминаҳои гуногун баррасӣ шудааст.
Ҳангоми суҳбат инчунин ҳамкории ду давлат дар соҳаи мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 мавриди баррасӣ карор гирифтааст.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, ки Ҷопон яке аз шарикони муҳими рушди Тоҷикистон буда, дар соҳаҳои мухталиф ҳамкории гуногунҷанба ба роҳ мондааст.
"Мо аз кумаки JICA дар соҳаи зерсохтор, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бозомӯзӣ ва рушди малакаҳо дар доираи Кумаки расмии рушд (ODA) сипосгузорем", - гуфтааст Муҳриддин.
Ӯ афзуда, ки таълим ва рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои авлавиятноки стратегияи рушди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
"То имрӯз беш аз 2 ҳазору 250 нафар мутахассисон аз Тоҷикистон дар давраҳои гуногуни омӯзишӣ дар Ҷопон ширкат варзиданд".
Аз соли 2009 инҷониб Лоиҳаи бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯи Барномаи рушди захираҳои инсонӣ (JDS) тавассути баланд бардоштани иқтидори мутахассисони ҷавон дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ҳуқуқ, иқтисод ва мудирият саҳми зиёд мегузорад.
"Мояи хушнудист, ки шумораи стипендияҳо барои солҳои хониши 2020-2030 дар магистратура аз 7 ба 12 адад зиёд шуд", - гуфт вазири тоҷик.
Сироҷиддин Муҳриддин афзуд, ки "мо ҷиҳати татбиқи минбаъдаи барномаҳои таълимӣ ва стипендия дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти стратегӣ, мудирият, муҳандисӣ, фанновариҳои иттилоотӣ, навоварӣ, иқтисодиёт, сармоягузорӣ, молия ва бонк, саноат, энергетика, тандурустӣ ва сайёҳӣ манфиатдорем".
Ҳамин тавр, дар анҷоми мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ва Такаюки Мияшита Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон дар бораи Лоиҳаи бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯи Барномаи рушди захираҳои инсониро имзо намудаанд.