ВКД: онҳое, ки аз маҳбаси Доғистон гурехтанд, нақша доштанд ба Тоҷикистон раванд

Сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД-и Доғистон гуфт, чӣ гуна кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавонистанд маҳбусони фироркардаро пайдо ва дастгир кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Сардори Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Доғистон, полковники милитсия Магомеднаби Одилхонов дар бораи чӣ гуна дастгир шудани шаш маҳбуси аз зиндон фироркарда гуфт.

Боздошти зодагони Тоҷикистон, ки аз зиндони Доғистон фирор карданд - видео

Ёдовар мешавем, ки ду ҷинояткори фирорӣ, зодагони Тоҷикистон - Шамил Бойматови 29-сола ва Маҳмадрасул Машрабови 30-сола ҳастанд.

"Мо тахмин мезанем, ки ҷинояткорон мехостанд Федератсияи Русияро тарк кунанд, ба Қазоқистон ва бо назардошти он, ки дар ин гурӯҳ ду шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд - минбаъд ба Тоҷикистон бираванд. Онҳо нақша доштанд, ки бо кадом роҳ шиносномаҳо ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба даст оранд, аммо нақшаҳояшон пешбинӣ амалӣ нашуд ", - гуфт Одилхонов.

Ҷустуҷӯйи маҳбусони фирорӣ душвор буд, аммо ба ҳадаф расонд.

Фирори маҳбусон аз зиндоне дар Доғистон: миёнашон зодаи Тоҷикистон низ будааст

Ба иттилои манбаъ, пас аз гурехтани маҳбусон санаи 22 сентябр, кинологҳо бо сагҳо аз колония пайи изи онҳо рафтанд. Рӯзи дигар як мошини партофташудаи ВАЗ 2109 ёфт шуд, ки эҳтимолан ҷинояткорон барои фирор ва тарки ҷумҳурӣ истифода мекарданд.

Ӯ гуфт, осори фирориён боз дар минтақаи ҳамсоя дар қаламрави Калмикия пайдо шуд ва шоҳидоне ёфт шуданд, ки ҷинояткоронро дида ва бо онҳо сӯҳбат кардаанд.

Номбурда гуфт, маҳбусони фирорӣ дар наздикии маҳаллаи Улан-Хол дар Калмикия боздошт шуданд.