Оё метавонад гази амрикоӣ ҷойгузини гази Русия шавад?

Вақтҳои охир дар пасманзари мушкилоти марбути анҷоми сохтмони “Маҷрои шимол – 2” дар расонаҳо ҳарчи бештар садо медиҳад, ки “бидуни таъминоти гази Русия, Аврупо барои гази моеъи ИМА нархи гарон пардохт хоҳад кард”
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Александр Собко. Мухолифони ин ақида мегӯянд, феълан гази моеъи ИМА дар биржаи Аврупо бо нархи газҳои дигар фурӯхта мешавад.

Лавров дар бораи “Маҷрои Шимол – 2”: барои Олмон ин масъалаи номус аст-видео

Кӣ ҳақ аст? Зиндагӣ чун ҳамеша аз тарҳҳо мураккабтар мебошад. Биёед таҳлил кунем.

Нахуст хотиррасон мекунем, ки “Маҷрои шимол-2” барои иваз кардани қисмати транзит тариқи Украина сохта мешавад, чун дар оянда афзоиши назарраси содироти гази Русия ба Аврупо дар назар нест. Баъдан транзит тариқи Украина низ имкон дорад, аз ҳаҷми феълӣ хеле бештар интиқол диҳад. Ҳамин тариқ ба назар мерасад, ки аз нигоҳи талаботу таъминот чизе тағйир намеёбад.

Зиёда аз ин транзити украинӣ барои чор сол пардохт карда шудааст ( 40 миллиард метри мукаабр дар як сол), аммо “Маҷрои шимол – 2” тавоноии 55 миллиард метри мукаабро хоҳад дошт. Яъне дар марҳилаи феълӣ худдории эҳтимолӣ аз анҷоми сохтмони “Маҷрои шимол-2”  барои ҳамеша ё муваққат танҳо ба хисороти молии “Газпром” хоҳад овард, аммо наметавонад Аврупоро барои хариди гази моеъи ИМА ба ҷои гази русӣ водор созад.

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

Агар аз ин дидгоҳ, ки ИМА бо мушкилсозиҳо барои “Маҷрои шимол -2” қасд дорад, бозор барои гази моеъи худ пайдо созад, назар кунем, ин танҳо як маъно дошта метавонад, ки дар пайи қатъи сохтмони “Маҷрои шимол -2” бояд транзити украинӣ низ қатъ гардад.

Идома медиҳем. Оё ин ба гази моеъи амрикоӣ кумак мекунад?

Аввалан дар ҳар сурат газ қимат мешавад ва берун кардани 50 миллиард метри мукааб аз бозор, ҳаҷми назаррасе дар тиҷорати ҷаҳонӣ мебошад. Нархҳои нисбатан баланд ногузир ба зиёд шудани хидкифоӣ ва фурӯши гази моеъи ИМА мусоидат мекунанд.

Дуюм ва асосӣ. Бояд зикр кард, ки дар доираи содироти феълии гази моеъ, ИМА дар ҳар сурат маблағҳои кафолатнок барои меоъгардониро мегирад. Аз нархгузориҳои арзони ҷаҳонӣ трейдерҳо зарар мебинанд. Ба ибораи дигар ИМА ҳеч ниёзе ба ҳавасмандсозии фурӯши гази моеъ аз корхонаҳои сохтаашро надорад.

Фурӯши рекордии нафти Русия ба Амрико

Муҳимтар аз ҳама бастубанд кардани гази моеъ бо лоиҳаҳои нав мебошад. Баъди он, ки феълан содиркунандагони гази моеъ аз ИМА ба вазъе дучор шудаанд, ки ҳатто маводи сӯхтро намехаранд, аммо ночор бояд пардохти ҳатмӣ барои моеъсозиро медиҳанд, муътақид кардани касе барои бастани шартнома барои хариди коло дар чунин хеле мушкил мебошад.

Лоиҳаҳои татбиқнашуда ҳанӯз зиёданд. Инҷо метавонад, бозори аврупоӣ коромад бошад. Аз ин ҷо он мухолифатҳои зоҳирӣ бармеоянд, ки мо дар оғоз аз онҳо гуфтем. Бале феълан гази моеъи ИМА чун ҳар гази дигар дар Аврупо бо нархи арзон фурӯхта шуда истодааст. Дар бозор буҳрон аст, аммо маҳсулотро дар ҳар сурат бояд фурӯхт, корхонаҳо аллакай сохта шудаанд ва трейдери созишномаҳоро ба шарти “моеъ соз ё пардохт кун” бастанд.

Баланду боз баланд: иқтисоддонҳо ҷаҳиши долларро дар моҳи август пешгӯӣ карданд

 Аз ҷониби дигар Аврупо бояд дарк кунад, ки гази арзони амрикоӣ ин танҳо боқимондае мебошад, дар вазъияти дигар ба бозори Осиё фурӯхта мешавад, ки дар он одатан нархи нисбатан муфидтар пешниҳод мешавад.  Таъминоти кафолатнок мехоҳед, шартномаи дарозмуҳлат бандеду бештар пардохт намоед.

Чӣ қадар гази моеъи ИМА аз дигарон гаронтар хоҳад буд?

Бояд қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир се шеваи ташаккули нархи гази моеъ мавҷуд аст, ки якум спотӣ – нақд дар ҷояш, дуюм вобаста ба нафт ва сеюм барои гази амрикоӣ дар заминаи нарх дар дохили ИМА бо иловаи пардохтҳо барои моеъсозӣ мебошад.  

Гуфта мешавад, ки дар сурати бозгашти бозор ба эътидол нархи биржавии газ ҳудуди 200 доллар барои як ҳазор метри мукааб хоҳад буд. Тақрибан нархи газ вобаста ба нафт низ чунин хоҳад буд, агар арзиши нафт 50 доллар сари ҳар баррел бошад.

Русия ба Олмон ҳеҷ ёрӣ дода наметавонад

Дар ҳар сурат “Газпром” қисми зиёди газро ба Иттиҳоди Аврупо вобаста ба нархи биржа мефурӯшад, бинобар ин беҳтар аст, ки такя ба ин нархгузориҳо шавад, на вобаста ба нафт.

Нархи гази моеъи ИМА чӣ қадар хоҳад буд?

Нархаш аз арзиши газ дар дохили ИМА, нархи моеъсозӣ ва нархи интиқол ба Аврупо вобаста хоҳад буд. Гуфтан мумкин аст, ки он ҳудуди 220 то 270 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба ибораи дигар агар соли 2013 гази амрикоӣ аз таъминоти дигар арзонтар метофт, дар ҳоли ҳозир он қиматтар мебошад.

Боз як суоли дигар, чаро Аврупо бояд гази моеъи ИМА-ро харад, на гази моеъи Русия ва Қатарро? Ҷои ҳайрат нахоҳад буд, агар дар ояндаи наздик қисмате аз гази Қатар вобаста ба нархи биржа фурӯхта шавад.

Агар ҷанбаҳои марбут ба муносиботи хоси ИМА ва Аврупоро сарфи назар кунем, далелҳои  дигаре вуҷуд надорад. Дар маҷмуъ ИА метавонад, камбуди имконпазирро бо дилхоҳ газ ҷуброн кунад.

Ин иштибоҳ аст: дар Олмон манъи сохтмони Маҷрои Шимолӣ-2”-ро маҳкум карданд

Шояд барои ҳамин феълан гап дар бораи мубодила меравад. Якчанд тақсимгоҳҳои нави гази моеъи ИМА дар Олмон ба ивази иҷозати анҷоми сохтмони лӯлаи газ.

Ҷамъбаст

Якум. Иваз кардани гази Русия ба гази моеъи ИМА танҳо дар сурати иҷрои ду шарт имконпазир аст. Қатъи сохтмони “Маҷрои шимол-2” ва қатъи транзит тариқи Украина. Дар ин сурат маҳдудсозии гази Русия боиси болоравии нархҳо дар бозори гази моеъ мешавад.  

Дуюм. Дар ҳар сурат гази моеъи ИМА на ба маротиб, балки ба андозаи 10-30 фоиз аз газҳои дигари бозор қиматтар хоҳад. Имкон дорад, нархи баробар дошта бошад, ин аз нархҳои дохилиамрикоии газ вобаста мебошад. Дар сурати бастани созишномаҳои дарозмуҳлат барои хариди гази моеъ аз ИМА, Аврупо тамоми таваккалҳои марбут ба нархҳои дохилиамрикоиро ба дӯш мегирад.

Ғарб ба ҷанги худнобудкунӣ тайёр аст

Дар навбати худ гази арзони амрикоӣ, ки феълан дар Аврупо мебинем, ин натиҷаи барзиёд будани газ дар бозор мебошад. Трейдерҳо онро фурӯхта истодаанд, то ҳадди ақал қисман зиёни молияшон аз шартномаҳои хариди гази моеъи ИМА-ро ҷуброн намоянд. Агар Аврупо таъминоти кафолатнок аз ИМА мехоҳад, он гоҳ бояд бар асоси ташаккули нархи гази моеъи ИМА пардохт бояд кунад, имкони рад вуҷуд нахоҳад дошт.

Ва ниҳоятан, ИМА бо таҳмили гази моеъаш ба Аврупо на дар бораи таъминоти ҷорӣ фикр мекунад, балки аз дурнамо меандешад. Гап сари сохтмони корхонаҳои нави моеъсозӣ ва таъмини онҳо бо шартномаҳои хариди гази моеъ меравад. Сохтмони корхонаҳо ҳудуди 4 сол вақт мегирад ва маҳз дар ин муддат муҳлати созишномаи феълии транзит тариқи Украина анҷом меёбад.