Муддаиёни курсии раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон: ба мардум чӣ ваъдаҳо доданд

Маъракаи муҳими сиёсӣ дар Тоҷикистон, яъне интихоботи раёсатҷумҳурӣ санаи 11 - уми октябр баргузор мешавад. То интихобот ҳамагӣ 19 рӯз боқӣ мондааст ва барои такя задан ба курсии президентӣ, 5 довталаб вориди рақобат мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. То интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон рӯзҳои башумор мондаанд. Комиссияи маркази интихобот ба панҷ довталаби курсии президентӣ, имкони рақобат карданро фароҳат овард.

Бо вуҷуди авҷи маризии коронавирус, як қатор чорабиниҳои тарғиботӣ ва қабл аз интихоботӣ лағв шуданд, аммо номзадҳо имкон пайдо карданд, то барномаҳояшонро пешкашӣ ҷомеа намоянд.

Зимнан, Sputnik Тоҷикистон ваъдаҳои довталабонро бо арзёбии шонси пирӯзии онҳо дар рӯзи интихоботро таҳлил кард.

Меҳроҷ Абдуллоев, довталаб аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон

Муддаиёни курсии раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон: ба мардум чӣ ваъдаҳо доданд

Меҳроҷ Абдуллоев мутаваллиди соли 1948 буда, бузургсолтарин номзад миёни муддаиёни курсии президентӣ мебошад. Номбурда муддати 3,5 сол роҳбарии ин ҳизбро бар дӯш дорад.

Абдуллоеви 72 - сола барои ҳимоят намудан аз манфиати деҳқонону коргарон садо баланд кард. Шиори номзад аз ҳизби мазкур ин раҳо кардани ҷомеа аз камбизоатӣ ва нуқта гузоштан ба мушкилии манзили зист дар кишвар мебошад.

Муддаиёни курсии раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон: ба мардум чӣ ваъдаҳо доданд

Ҳолнома ва ваъдаҳои пешазинтихоботии коммунисти №1: агар президент шавам...

Барномаи номзад  аз ҷорӣ намудани моликияти истисноии давлатӣ ба замин ва захираҳои табиӣ, ислоҳот дар сохторҳои қудратӣ, додани имтиёзҳо ба кишоварзон ва эҳё намудани совхозу колхозҳо иборат аст.

Гузашта аз ин, Абдуллоев пешниҳод намудааст, ки ба оилаҳои камбизоат қарзҳои дарозмуддат дода шавад, то ҳар кадоме то соли 2030 соҳиби манзили зист шаванд.

Номзадҳо дар шаҳри Душанбе ба зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни чӣ ваъда доданд?

Номзадҳо барои интихоботи президентӣ чӣ қадар маблағ масраф хоҳанд кард?

Зимнан, номзади мазкур ваъда дод, ки дар сурати пирӯз шудан, қудратро ба коргарон бармегардонад (замин - деҳқон), назорати бонк (истгоҳҳои роҳи оҳану телеграф) - ро пурзӯр мекунад. Имкони таҳсили воқеан ройгонро фароҳам меорад ва инчунин хизматрасонии тиббиро роҳгон роҳандозӣ мекунад.

Аммо бояд гуфт, ки бо вуҷуди коста будани маъруфияти ин ҳизб дар Тоҷикистон, имкони пирӯз шудани Абдуллоев дар интихобот низ ночиз аст.

Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон

Муддаиёни курсии раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон: ба мардум чӣ ваъдаҳо доданд

Раҳбари ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров ҳамчун номзади сотсиалистӣ пешбарӣ шудааст. Дар байни ҳамаи рақибон, ӯ дуввумин пиронсол аст (соли таваллудаш 1951), аммо дар мубориза барои мансаби олии давлатӣ таҷрибаи кофӣ дорад. Зеро маротибаи сеюм мешавад, ки Ғаффоров барои курсии раёсатҷумҳурӣ мубориза мебарад. Аммо ду кӯшиши қаблии ӯ бенатиҷа анҷом ёфт, зеро натавонист раъйи бештар ба даст орад.

Муддаиёни курсии раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон: ба мардум чӣ ваъдаҳо доданд

Ғаффорови 68 - сола узви палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон мебошад. Ӯ борҳо аз минбари калон, амалҳои баъзе мақомотҳои алоҳидаи давлатиро мавриди танқид қарор дод ва барои ин амалаш ҷомеа шахсияти ӯро хуб мешиносад.

Ҳолнома ва ваъдаҳои пешазинтихоботии номзаде, ки гуфт, дар Душанбе метро месозад, агар...

Шиори ҳизби мазкур "Ҳақиқат шикастнопазир аст".

Роҳбари сотсиалистҳо ҷонибдори пурзӯр кардани мубориза бо терроризм, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум, ҳифзи иҷтимоии нафақахӯрон, хизматчиён, занон ва модарони танҳо мебошад.

Интихобот 2020: кӣ бурду кӣ бохт

Мақомоти шаҳри Исфара шумори дақиқи овоздиҳандагонро эълон кард

Вай ба мисли номзади қаблӣ хостори сохтмони метро дар Душанбе шуд. Аммо Ғаффров дақиқан нагуфтааст, ки барои сохтмони метро аз куҷо маблағ пайдо мекунад. Чун барои сохтмони ин тарҳ маблағи ҳангуфт лозим аст.

Ғаффоров ба таҷрибаи рушди босуръати иқтисодии кишварҳое, ба монанди Сингапур ва Чили ишора карда меафзояд, агар Тоҷикистон аз таҷрибаи ин кишварҳо истифода кунад, ҳатман ба рушди комили иқтисодӣ ноил мешавад.

Рустам Латифзода, Ҳизби аграрии Тоҷикистон

Муддаиёни курсии раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон: ба мардум чӣ ваъдаҳо доданд

Рустам Латифзода ҷавонтарин номзаб ба президентӣ мебошад. Ӯ мутаваллиди соли 1960 аст. 6 сол қабл ба ҳайси раҳбари Ҳизби аграрӣ баргузида шуд.

Номзадҳо дар шаҳри Душанбе ба зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни чӣ ваъда доданд?

Латифзода Рустам аз моҳи марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шудааст. Ӯ ҳамчунин узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон  мебошад.

Нахустин даъвогар ба курсии президент дар Тоҷикистон кист?

Шиори номзади мазкур: "Ҳаёти шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон!"

Латифзода мегӯяд, зиндагии шоистаро барои мардуми Тоҷикистон аз роҳи пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ, озод кардани соҳаи кишоварзӣ аз ҳама гуна андозҳо ва ташкили Фонди дастгирии бахши кишоварзӣ аз ҳисоби шарикони рушд,метавон фароҳам овард.

Интихоботи президенти Тоҷикистон: муҳиммот

Гузашта аз ин, Латифзода ба масъалаи оромӣ ва сулҳ низ таъкид карда, пешниҳод намудааст, ки барои ҷилавгирӣ кардан аз муноқишаҳои марзӣ бояд як қисмати муайяни сокинонро ба хотири ҳифзи осоиштагӣ  кӯч дод.

Ҳамзамон, Рустам Латифзода ҷонибдорӣ иҷозат додан ба бисёрҳамсарӣ мебошад.

Рустам Раҳматзода, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ

Муддаиёни курсии раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон: ба мардум чӣ ваъдаҳо доданд

Раҳбари ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода чаҳорумин номзад ба мақоми президентӣ мебошад. Соли 1960 таваллуд шуда, як сол боз роҳбарии ин ҳизбро бар ӯҳда дорад.

Номзадҳо барои интихоботи президентӣ чӣ қадар маблағ масраф хоҳанд кард?

Сиёсатмадор дар барномаи интихоботии худ диққати асосиро ба тағйирот дар иқтисоди миллии Тоҷикистон медиҳад.

Номзад ба президентӣ Рустам Раҳматзода: тарҷумаи ҳол ва ваъдаҳо ба интихобкунандагон

Шиор: "Ислоҳоти сареъи иқтисоди миллӣ ба хотири зиндагии шоистаи мардум!"

Гузариш ба модели рушди саноатӣ-аграрӣ, ислоҳоти институтсионалӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, таъсиси муҳити мусоиди институтсионалӣ, дастгирии соҳибкорони хурд ва андозбандӣ, ислоҳот дар соҳаи идоракунии давлатӣ, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатии беруна аз ваъдаҳои пешазинтихоботии ӯ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон

Муддаиёни курсии раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон: ба мардум чӣ ваъдаҳо доданд

Президенти амалкунандаи Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ин навбат низ муддаии курсии президентӣ шуд. 

Пешниҳод шудани Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин интригаи интихоботӣ дар Тоҷикистонро аз миён бурд. Қаблан Федератсияи иттифоқҳои касаба ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ номзадии Эмомалӣ Раҳмонро барои президентӣ пешниҳод карда буданд. Аммо эҳтимоли пешниҳод шудани як нафари дигар аз миён нарафта буд.

Ҳоло Ҳизби халқӣ – демократӣ, ба истилоҳ, ҳизби ҳокими Тоҷикистон, ки аксарияти ниҳодҳои ҳукуматӣ, парлумон ва дигар сохторҳои кишварро таҳти назорат дорад, номзадии ӯро пешниҳод карда, номзади асосии худро маълум намуд.

Президенти мо: Эмомалӣ Раҳмонро фаъолони маркази ӯзбекони Суғд дастгирӣ карданд

Эмомалӣ Раҳмон бори аввал соли 1994 президенти Тоҷикистон интихоб шуд. Баъдтар дар интихоботҳои президентии солҳои 1999, 2006 ва 2013 низ пирӯз омад. Ин бори панҷум мешавад, ки ӯ вориди сабқати интихоботи президентӣ мешавад.

“Бисёр вазнин мешавад”: Раҳмон мақсади сафарҳояш дар даври "короно"-ро гуфт-видео

Мувофиқи шиори пешазинтихоботӣ: "Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи одамон" - сиёсатмадор се вазифаи асосии ояндаро муайян кард:

  • 1. Таъмини рушди устувор тавассути баланд бардоштани диверсификатсия ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ;
  • 2. Афзоиши ҳиссаи синфи миёна;
  • 3. Ноил шудан ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳое, ки сатҳи миёнаи даромад доранд.

Раҳмон ният дорад, ки сатҳи камбизоатиро тадриҷан коҳиш диҳад, индустриализатсия ва дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёнаро таъмин намояд.

Вай ба итмом расонидани нерӯгоҳи Роғун, таҷдиди Норак ва бунёди хатти барқии байнидавлатии CASA-1000-ро афзалиятнок меҳисобад, ки ин Тоҷикистонро дар соҳаи энергетика ба як пешсафи минтақавӣ табдил медиҳад. Ва ин маънои афзоиши устувори даромад ба буҷаи давлат ва қобилияти зуд пардохт кардани қарзро дорад.

Ҳамзамон, Раҳмон ваъда додааст, ки даромади буҷаро дар ин муддат ду маротиба афзоиш хоҳад дод: аз 26 то 52 миллиард сомонӣ мерасонад.

Довталабоне, ки ба рақобат роҳ наёфтанд

Ба иловаи 5 номзади феълӣ ба маснади президентии Тоҷикистон, ҳамчунин се нафари дигар низ муддаии иштирок кардан дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ буданд.

Вокуниши ҳукумат ба Иргашови президентшав: маҳдуд нест, ҳуқуқи ҳар шаҳрванд аст, вале

Аммо ҳар се нафари онҳо бо иллатҳои гуногун аз рақобат канор монданд.

Саидҷаъфар Усмонов яке аз довталабон бинобар ҷамъ наовардани имзоҳои лозима, имкони ворид шудан ба интихоботро аз даст дод.

Фаромуз Иргашов: "Ман ба Президент ва мардум паёмамро расондам"

Ҳамчунин омӯзгор Иброҳимҷон Юсуфбекзода, ки қаблан даъвои пешниҳод кардани номзадии худ ба мақоми президентӣ намуда буд, бевосита худаш аз рақобат даст кашид ва ҳуҷҷатҳои лозимаро ба КМИ ироа накард.

Номзади саввум, ҷавоне аз ВМКБ Фаромуз Иргашев буд, ки низ ба интихобот роҳ наёфт. Иргашев натавонист имзоҳои кофӣ гирд орад ва аз ин рӯ имкони ба ҳайси номзад иштирок кардан дар интихоботро аз даст дод.