Нақшаи маккоронаи Кремл: нобуд кардани Амрико барои наҷоти Трамп

Дар паси нооромиҳо дар ИМА Доналд Трамп ва... Русия истодаанд. Бале, ба зудӣ ин хел мешавад — баъди пай дар ҳам задани тамоми усулҳои мубориза бо президенти ИМА, барои ба интихобот роҳ надодан, "ботлоқи Вашингтон" ба ибтидо баргашт: русҳо дар ҳама кор гунаҳгоранд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik, Петр Акопов. Онҳо ба Доналд Трамп соли 2016 кумак карданд, ва ҳоло ҳам ёрӣ мерасонанд, акнун онҳо ба барангехтани тарс ва душманӣ на дар шабакаҳои иҷтимоӣ, балки дар кӯчаҳои шаҳрҳои Амрико такя кардаанд.

“Бо силоҳ хона ба хона рафтанд”: ғалабаҳо ва иштибоҳҳои маъмурияти низомии ИМА дар Ироқ

Тааҷҷубовар нест: ғорат — умуман калимаи руси аст! Аммо чӣ шуд, ки пештар расонаҳои амрикоӣ ҳамаро итминон медоданд, ки тазоҳурот асосан сулҳдӯстона ва қоидавӣ мебошанд, яъне зидди нажодпарастӣ ва худсарии полис, ки Доналд Трамп таҷассум мекунад, равона шудаанд. Ва ғазаби мардум ба сафарбар кардани интихобкунандагоне, ки моҳи ноябрро интизоранд, то ба Байден овоз диҳанд ва бадрафторро, ки русҳо ба сари қудрат овардаанд аз Кохи Сафед дур кунанд, кумаки калон мерасонад.

Ва акнун чӣ мешавад — эътирозҳои қоидавиро русҳои беқоида бармеангезанд?

Гарчанде худи Ҷо Байден инро то ҳол эълон накардааст, демократҳои маъруф аз Конгресс аллакай мегӯянд. Масалан, Адам Шифф, раиси кумитаи иктишофи маҷлиси намояндагони ИМА — муфаттиши асосии "робитаҳои русӣ" - и Трамп ва яке аз ташаббускорони кӯшиши импичмент мебошад. Дар поён сухани ӯ ба расонаи CNN баён шудааст:

 "— Чор сол пеш, Дана, Русия Black Lives Matter-ро ("Ҳаёти сиёҳпӯстон муҳим аст") истисмор мекард, онҳо дар интернет саҳнаҳои фитнаангези худро, барои ҷудо кардани мардум аз рӯи нажод, нашр мекарданд. Ва мо бояд...

—   Ва ҳозир онҳо ин корро мекунанд?

“Паём ба Русия”: чаро ИМА ба соҳилҳои Норвегия киштии махфии зериобӣ фиристод?

—   Онҳо дубора ҳама чизеро, ки дар даст доранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар расонаҳо мекунанд, то ин шикастро бузугтар кунанд."

Яъне, русҳо Амрикоро на танҳо дар расонаҳои худ тақсим мекунанд (чуноне ман алъон дар вебсайти РИА Новости), ҳам дар шабакаҳои иҷтимоии амрикоӣ "ва на танҳо" — яъне шояд дар кӯчаҳои шаҳрҳои Амрико? Ҳамаи ин сафсатаро ҳатман бояд тарафдори асосии Трамп дар расонаҳои Амрико (мисли "зоғи сафед" дар ҳаракати зидди Трамп) барандаи телевизионии Fox News Такер Карлсон шарҳ диҳад:

"Шумо аз ҷониби агентҳои кишвари душманӣ, ки дар байни чизҳои дигар, пинҳони шабакаи иҷтимоии Facebook-ро назорат мекунад, бо ахбори носаҳеҳ сер карда шудаед! Ин дуруст аст, хонумон ва ҷанобон, Русия бетартибиҳои хаёлиро ташкил кард ва Ҷо Байденро айбдор баровард! Ин ба парвоз ба Моҳтоб монандӣ дорад, вале боз ҳам маккоронатар. <...>  "Ин саҳнабозии русӣ аст!" Ҷиддӣ? Ман мехоҳам фикр кунам, ки дар охири тобистони соли 2020 мардум ба ин механданд. Ин ба таври худ шавқовар аст. Аз тарафи дигар, якум бор шумораи зиёди демократҳои маъруф дар Twitter ба ин бовар карданд, ва ин бор ҳам — кӣ медонад? — онҳо метавонанд дафъаи дигар ҳам бовар кунанд.

Шӯрои амнияти Русия: 75% - и ҳамалоти кибериро ИМА анҷом медиҳад

Мо бояд Адам Шиффро қадр кунем: ӯ, аққалан, мувофиқ аст. Аммо рӯшан аст, ки ӯ комилан беақл аст ва ба табобат ниёз дорад. Аҳволи ин шахс бад аст. Аммо ӯ — танҳо як нафар дар ҳизби калон аст. Дар бораи дигар роҳбарони Ҳизби демократӣ чӣ гуфта мешавад? Онҳо беақл нестанд, не. Онҳо дӯрӯғгӯй ҳастанд".

Шумо ҳеҷ касро бо фиребгарии роҳбарони демократҳо ба ҳайрат намеоред, аммо ҳозир онҳо мавқеи худро тез-тез тағйир мекунанд. Онҳо ҳоло вокеъ шудани ғоратҳоро рад карданд ва акнун маҷбуранд, бо вуҷуди қайду шарт, бертартибиҳо ва зӯровариҳоро эътироф кунанд.

Трамп ин ҳодисаҳоро терроризми дохилӣ меномад ва демократҳо ба Русия ишора мекунанд. Маълум аст: одамони хуб барои нишони эътироз баромаданд, аммо ғоратгарони бад, ки фидои "таблиғоти Русия" ҳастанд, бо онҳо омехта шудаанд. Ва ҳамаи ин, маълум мешавад, ки на барои шикасти Трамп, балки барои ғалабаи ӯ кор мекунад. Ана ҳамин нақшаи маккоронаи Путин аст.

Девонагӣ? Не, танҳо ноумедӣ. Гап дар он аст, ки дар аввали баҳори соли ҷорӣ мафҳум буд (бар акси ҳамаи пурсишҳои афкори ҷамъиятӣ), ки Трамп ба азнавинтихобкунӣ ҳаракат карда истодааст, на кӯшиши импичмент, на барангехтани нафрат ба ӯ (коре, ки қариб ҳама расонаҳои ахбории ИМА ҳама солҳои президент буданаш мекарданд) ягон натиҷа надоданд (ба истиснои он, ки баръакси натиҷаи интизорӣ шуд). Аммо дере нагузашта ба ИМА коронавирус расид, бӯҳрони иқтисодӣ, ва нооромиҳои "нажодӣ" оғоз ёфт — демократҳо тасмим гирифтанд, ки акнун онҳо аниқ метавонанд Трампро ғарқ кунанд.

Ҷо Байден ваъда дод, ки иқтисоди ИМА-ро нобуд месозад

Аммо, на мушкилоти иқтисодӣ, на ошӯбҳо ба президент зарба назаданд — баръакс, чи қадар ғоратҳо давом медиҳанд, ҳамин қадар Трамп баҳо мегирад. Ӯ такрор мекунад, ки ба Амрико  "Қонун ва низом" даркор аст, ва бештар амрикоиҳо бо ин розӣ ҳастанд. Демократҳо (хусусан дар иёлотҳо ва шаҳрҳое, ки онҳо идора медоранд, қисми зиёди нооромиҳо ба амал меоянд) бояд кайҳо дар қаламрави худ тартиб кунанд, барои бас кардани кор барои рейтинги Трамп, аммо мусобиқаи интихоботӣ ба онҳо ин корро иҷозат намедиҳад.

Трамп якбора мегӯяд: ана, бубинед, ман дар бораи зарурати хотима додан ба ошӯбҳо ҳарф мезадам, онҳо билохира ба ман гӯш карданд. Яъне, демократҳо як вазъияти бад доранд: ҳар чизе, ки онҳо баъд мекунанд — эътирозҳоро дасгирӣ мекунанд ё табиати хушунатомезии онҳоро эътироф мекунанд ва ба ором кардани онҳо шурӯъ мекунанд, — вазъи онҳо фақат бадтар мешавад.

Эҳтимол, тактикаи эътироф кардани боэҳтиёти ғоратҳо интихоб карда шуд, аммо дар айни замон қарор шудааст, ки Трамп ва Русия барои онҳо гунаҳгоранд. Ду дар як — гарчанде, ки дар воқеияти демократҳо ин як чиз ҳаст: "Трампи русӣ".

"Мо гузоришҳоеро дидем, ки қувваҳои русӣ ба сарбозони амрикоӣ дар Сурия ҳамла карданд, онҳоро маҷрӯҳ карданд. Оё шумо ҳадди ақалл як сухан аз Трамп шунидед? Оё ангушташро бардошт? Ҳеҷ гоҳ ягон президенти ИМА дар муносибат бо роҳбарони Русия чунин нақши фармонбардориро иҷро накардааст. Ин на танҳо хатарнок, балки таҳкиромез аст", — мегӯяд Ҷо Байден, ҳамчун намунаи вобастагии Трамп аз русҳо, қиссаи комилан дурӯғро, дар бораи "русҳое, ки ба толибон барои куштани сарбозони амрикоӣ пул супоридаанд", ёдоварӣ мекунад.

Таҳримҳои зидди Эрон: фикри хоми ИМА

Ва ин изҳороти охирин аз штаби Байден:

"Президент Трамп умедвор аст, ки Владимир Путин бори дигар номзадии ӯро дастгирӣ мекунад ва дар пинҳон кардани хатогиҳои даҳшатангез, ки содир кардааст, кумак мекунад, то ӯ дар сари давлати мо қарор гирад ва онро ба сӯи мушкилоти зиёде, ки рӯ ба рӯ мешаванд, расонад. Ва ӯ намехоҳад, ки мардуми Амрико донад дар бораи он, ки Владимир Путин барои кумак ба дубора интихоб шуданаш ба Трамп чӣ гуна иқдомот мекунад ё чаро дахолати Путин барои он ин қадар муҳим аст, чун ки сиёсати хориҷии Доналд Трамп — тӯҳфа барои Кремл мебошад".

Ин изҳороти пастзанандаи амрикоиҳо аксуламал ба қарори охирини раиси Иктишофи миллии ИМА Ҷон Рэтклифф дар бораи бас кардани брифингҳои шифоҳӣ ба аъзоҳои Кумитаи иктишофии маҷлиси намояндагон, оид ба масъалаҳои амният дар интихоботи ояндаи президентӣ мебошад. Акнун ба онҳо танҳо хаттӣ маълумот дода мешавад.

Пинҳон кардани кумаки Путин ба Трамп, — ба қавли Байден? Мутаассифона, ба гуфтаи Рэтклифф, сабаб хеле содда мебошад: ифшои маълумоти махфӣ ва ифшогариҳо, ки табиати онро таҳриф мекунанд:

"Чанд дақиқа баъд аз анҷоми чунин брифинг, як қатор аъзоҳои Конгресс ба назди намояндагони расонаҳои ахбори гуногун баромада, маълумоти махфиро ба онҳо фош карданд. <...> Барои тасаввуроти дурӯғ эҷод кардан, ки Русия нисбат ба Чин ба амнияти миллӣ таҳдиди бештар дорад. <...> Ман намехоҳам Русияро паст занам. Ӯ ба амнияти миллии мо таҳдиди ҷиддӣ дорад, аммо таҳдидҳо аз тарафи Чин ҷиддитаранд. Онҳое, ки дигар чиз мегӯянд, танҳо ба мақсадҳои худ иктишофро сиёсӣ мекунанд".

Шиддати авзоъ дар марзҳои ғарбии Русия: чаро ИМА ба Лаҳистон сарбоз мефиристад? - видео

Дар бораи чӣ Рэтклифф гуфт? Дар бораи, ки демократҳо, мисли Адам Шифф, танҳо иттилоот дар бораи Русияро фош мекунанд ва ба иттилоот дар бораи Чин аҳамият намедиҳанд. Муҳим аст, ки шумо чӣ қадар ба маълумоти хадамоти иктишофии Амрико дар бораи дахолати хоричӣ ба интихоботи президентӣ бовар мекунед (бори дигар, хакерҳо ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоие, ки афкори мардумро ташаккул мекунанд?), ҷолибтар аст, ки ҳатто хадамоти махсус дар бораи кӯшиши конгрессменҳо барои таблиғи маълумоти онҳо барои мубориза бо Трамп ошкоро сӯҳбат мекунанд.

Аз тарафи дигар, албатта, ин пешрафти калон аст: соли 2016 худи ҳукумати Обама хадамоти махсусро маҷбур кард, ки "далелҳо" дар бораи "робитаҳои русӣ" - и номзад ба президенти ИМА Трамп сохтан, назорат кардан, ва акнун "давлати чуқур" бояд амалиёти ҷангиро танҳо бо кумаки Конгресс ва расонаҳои ахбор гузаронад. Аммо ин тағйирот ба дараҷаи эҷодиёт кам таъсир кард — бори дигар Путин дар ҳама чиз айбдор аст.

Доимо бармеангезад: ё дар моҳи март дар шаҳри Портленд вай ба полис Дерек Шовин (ки Ҷорҷ Блейкро кушт, баъди ин амалиёти Black Lives Matter сар шуд) ҷой мегирад, ё дар моҳи август дар Кеноша — ба Кайл Риттенхауси 17 сола, ки ду "муборизи зидди нажодпарастӣ ва худсарии полис" ҳамлакунандаро паррондааст, ё ба Портленд бармегардад, ки ҳамчун муборизи зидди фашизм Майкл Рейнол тарафдори Трамп - Аарон Даниэлсонро кушад. Ва бо ҳам ӯ якбора ба тамоми ҳайати кумитаи назди шаҳрдори Вашингтон ҷойгир шуда, пешниҳод мекунад, ки ҳайкалҳои Вашингтону Ҷефферсонро бардоранд (ё ақаллан дигаргун кунанд).

Чаро "Шикорчӣ" - и бесарнишини Русия ИМА ва НАТО - ро ба ташвиш меорад

Тасаввур кардан душвор аст, ки ин фитнаангезони русӣ дар ин ду моҳи пеш аз интихобот бар чиз қодиранд: коре нест, ки онҳо ба хотири кумак ба Трамп анҷом надиҳанд.

Кӣ медонад, шояд сӯйқасд ба Трамп ташкил мекунанд, ва баъдтар демократҳо ва Байденро дар ин кор айбдор кунанд. Ё онҳо Байденро мекушанд — то бешубҳа, номзади худ, Трампро дар Кохи Сафед шинонанд. Аммо онҳо муваффақ намешаванд: ҳама медонанд, ки русҳо бо "Новичок" - и даҳшатнок заҳр медиҳанд, ки ӯ намекушад, балки изи Кремлро мемонад. Ҳамин тавр аниқ, мисли "изи русӣ" дар интихоботи амрикоӣ.