Давраи сенздаҳуми Чемпионати футболи Тоҷикистон муайян шуд: киҳо ба майдон мебароянд?

Дар бозиҳои даври дувоздаҳуми чемпионат дастаи "Истиқлол" бар дастаи "Хуҷанд" бо ҳисоби калони 4:0 ғолиб омад. Пас аз ин пирӯзӣ фарқияти ҷойгиршавии дастаи "Истиқлол" бо дастаи "Хуҷанд" 11 холро ташкил дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бозиҳои давраи сенздаҳуми Чемпионати футболи Тоҷикистон муайян шуд, гузориш медиҳад "Ховар" дар истинод ба ФФТ.

Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд

Бино бар иттилои манбаъ, 23-24 август  дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври сездаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ    баргузор мешаванд.

Дар даври мазкур   23 август  дастаҳои футболи  "Регар-ТадАЗҚ-и шаҳри Турсунзода   бо "Локомотив-Помир"-и шаҳри  Душанбе, "Кӯктош"-и ноҳияи  Рӯдакӣ  бо "Душанбе-83"-и шаҳри  Душанбе  ва 24 август "Хуҷанд"-и шаҳри  Хуҷанд  бо "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ, "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан  бо "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе, "Хатлон"-и шаҳри Бохтар  бо КМВА ба майдон мебароянд.

Футбол: рӯзҳои бозии муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуд

Пештар дар бозиҳои даври дувоздаҳуми чемпионат дастаи "Истиқлол" бар дастаи "Хуҷанд" бо ҳисоби калони 4:0 ғолиб омад. Пас аз ин пирӯзӣ фарқияти ҷойгиршавии дастаи "Истиқлол" бо дастаи "Хуҷанд" 11 холро ташкил дод.