Сарҳади "гарм" - и Тоҷикистон: оё мешавад ба сулҳи Афғонистон эътимод кард

Роҳи Афғонистон таҳти ҳуҷуми гурӯҳҳои терористӣ ба сӯи сулҳ бидуни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, яксон нахоҳад буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik, Александр Хроленко. Сулҳи Афғонистон метавонад сабаби муноқишаҳои нави мусаллаҳона гардад ва ба амнияти кишварҳои минтақа таҳдид кунад.

Оштӣ бо Толибон танҳо дар сухан

Воқеъияти Афғонистон ба пуррагӣ бо созишномаи сулҳ тавъам нест. Дар давоми панҷ моҳ пас аз имзои созишнома бо ИМА, "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) натавонист бо Кобул дар бораи оташбас ба мувофиқа расад. Ҷангҷӯён кӯшиш доранд бо ҳуҷум ба низомиёни давлатӣ минтақаҳои навро таҳти идораи худ қарор диҳанд. Дар авоили моҳи август 37 корманди мақомоти қудратӣ, 61 ҷангҷӯй ва 43 ғайринизомӣ ба ҳалокат расиданд.

Қарор шуд: Чинро даҳдаста буғӣ мекунанд, оё Русия ҳам даъват мешавад?

Дар паи таркиши рӯзи 5 август дар музофоти шимолии Бағлон 12 кас ҷон бохт. Рӯзе пас "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) ду мошини бензинкашро сӯзониданд, ҳафт мошини дигарро аз худ карданд ва сӯзишвориро дар Пули Хумрӣ ба қиммати як литр 20 афғон фурӯхтанд. Барои ин тиҷорат муноқиша бо қувваҳои амниятии Афӯонистон низ садди роҳ нашуд.

Ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) низ нафаси тоза гирифтанд. Дар паи ҳуҷум ба зиндон дар Ҷалолобод 2 август 29 кас ҷон бохт (аз ҷумла 10 терорист), 800 маҳбус аз қабили ҷангҷӯёни ДИ ва Толибон фирор карданд.

Қадамҳо ба сӯи сулҳ эҳсоснашавандаанд. Мубодилаи зиндониён миёни "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) ва қудратиҳои Афғонистон қариб ба итмом расид.

Шумораи умумии намояндагони қувваҳои мусаллаҳ, ки ба озодӣ баромаданд ба 1 005 кас расид.  4 750 ҷангҷӯй аз зиндон баромад. Толибони озодшуда ӯҳдадор шуданд, ки ба амалҳои террористӣ барнамегарданд, вале аксари онҳо ба ваъдаашон вафо накарданд ва боз силоҳ ба даст гирифтанд.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз озод кардани 400 модарони террористон худдорӣ кард ва пешниҳод намуд, ки ин масъаларо бо мардум матраҳ кунад. Вале  "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) рӯзи 5 август зидди баррасии мавзӯъ дар Ҷирга (Маҷлиси намояндагони мардумӣ), ки гӯё барои намояндагӣ аз мардуми Афғонистон сатҳи ҳуқуқиро надорад, баромад.

Ҳамин тавр, "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) худро аз Конститутсия ва Кодекси ҷиноии кишвар болотар меҳисобанд.

Сарҳади "гарм" - и шимол

Вазъият дар шимоли Афғонистон ноором аст. Марзи Тоҷикистону Афғонистон, музофоти шимолии Балх, авохири моҳи июл макони муқобилияти қувваҳои "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) ва низомиёни Афғонистон буд, аз нооромтарин нуқтаи кишвар шуд.

Раҳимзода дар бораи сафар ба ВМКБ ва вазъ дар марз гуфт

Дар ин росто дар Душанбе аз муташанниҷ шудани вазъият дар марз ишора мешавад. Президент Эмомалӣ Рахмон супориш дод, то марзи Тоҷикистон дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳким бахшида шавад. 
Тоҷикистон доим бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмиллалӣ масъалаи амнияти минтақавиро баррасӣ мекунад.

Мантиқи кор ин аст, ки дар сурати пирӯзии "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон), ба ҷангҷӯён аз Осиёи Марказӣ метавонанд хайри хуш гӯянд - мувофиқи шартҳои созишнома бо ИМА. Бозгашти садҳо ҷангҷӯён метавонад вазъияти Тоҷикистону Ӯзбекистонро муташанниҷ гардонад. Чунин пешомадро танҳо дастҷамъона бо кумаки СПАД ва Русия мешавад пешгирӣ кард. Баъд чӣ мешавад?

Бояд дар хотир дошт, ки  "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) аз аввал тарҳи Покистон буд, ки метавонад дар ҳудуди Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя "Баҳори Осиёимарказӣ" - ро роҳандоӣ намояд. Ҷангҷӯёни "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) — барои бозигарони хориҷӣ асбоби қулайи ҷангӣ ва нобудкунӣ мебошад.

Қонунигардонии байналмилалии ин даста хеле хавфнок аст.

Ҳатто тасдиқи ИМА барои ба қудрат омадани "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) барои мардуми Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя манбаъи хавфи ҳамешагии қочоқи маводи мухаддир ва терроризм мебошад.

"Толибикунонии" Афғонистон барои аҳолии 32-миллионаи Афғонистон маънои манъи омӯзишу фарҳанги ғайридиннӣ, телевизион, кинотетар, баста шудани мактотиби олӣ ва донишгоҳҳо, ҷудокунии занон аз ҷамъият, ба таври васеъ ҷорӣ кардани қатли ом барои хурдтарин иштибоҳро дорад (чунин низом соли 1996 замони дар қудрат будани толибон дар Афғонистон буд).

Ҷойи бадӣ

Далелан  "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) ба пирӯзии худ боварӣ дорад ва омодаанд, ҳукумати Афғонистонро пурра нест кунанд. Раҳбари  "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) Мавлавӣ Ҳибатулло Охунзода ҳафтаи гузашта изҳор дошт: "Ҷиҳоди мо аз аввал барои хотима бахшидан ба ишғол ва созмони ҳукумати тозаи исломӣ дар Афғонистон равона шуда буд".

Мақомоти Афғонистон беш аз 300 ҷангҷӯи "Толибон"-ро аз зиндон раҳо карданд

Барои ҳамин ИМА ва созмонҳои байналмилалӣ бояд "созмони мушкилоти дигарро баст кунанд".

Изҳороти боҷуръат. Вале агар ба мушкилот рост нигоҳ кунӣ, таҳти қудрати толибон имрӯз 15 млн аҳолӣ, нисфи мардуми Афғонистон қарор доранд. Вақте ҳамин одамон субҳидам аз хона мебароянд, онҳо намедонанд оё зинда бозмегарданд ё не. Тибқи гузориши СММ оид ба ҷинояткорӣ ва маводи мухаддир, истеҳсоли афюн дар кишвар дар соли 2017 то 87% афзуда, 9 000 тоннаро ташкил дод, дар давоми ҳузури ИМА бошад дар кишвар истеҳсоли маводи мухаддир то 40 дарсад боло рафта ҳаҷми умумии қочоқ то 3 млрд доллар арзёбӣ мешавад.

Ва умуман чӣ гуна мешавад бо толибон бидуни қабули нақшаҳо ва тарҳҳои "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон), агар онҳо бошанд, ба сулҳ расид? Пештар дар мусоҳиба бо Sputnik муовини аввали раиси сенати Афғонистон Муҳаммад Алам Эзидёр изҳор дошт: "Барои мардуми афғон муҳим аст дарк кардани ин ки толибон дар Афғонистон - гурӯҳи террористӣ аст. Ва мо дастгирии толибонро аз ҷониби ҳар кишвар қабул надорем... Мо миёни "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) ва Давлати Исломӣ""  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) ҳеҷ фарқиятеро намебинем". 

Сиёсатмадори бонуфуз ва собиқадори ҳаракати "муҷодиҳон" Эзидёр ҳамчунин қайд кард, ки ҳар гуна дастгирии  "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) барои муташанниҷ гардонидани авзоъи кишварҳои Осиёи Марказӣ манбаъе хоҳад шуд.

Комилан арзёбии солим. Дар Афғонистон чизе дигаргун нашудааст, ғайр аз нақшаҳои амрикоиҳо. 

Чанде пеш ИМА дар Афғонистон боз панҷ пойгоҳи худро дар музофотҳои Ҳилманд, Урузган, Пактика ва Лагман баст. Шумораи қувваҳои мусаллаҳи амрикоиҳо ба наздикӣ то 4 ҳазор кас ва то соли 2021 ба сифр баробар хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Афғонистон барои озодии 1500 зиндонии Толибон дастур дод

Акнун Дастгоҳи президенти ИМА Доналд Трамп ба гуфти котиби давлатии Амрико Майк Пампео барои ба эътидол даровардани вазъ ба дастгирии Кремл ниёз дорад. 

Русия пай дар пай сиёсати барқароркунинии Афғонистонро чун кишвари ором, соҳибихтиёр, рушдкунанда ва озод аз терроризм роҳандозӣ мекунад. 

Монеъи Русия ва дигар кишварҳои СПАД барои роҳандозии ин сиёсат ҳамон толибонанд. 

Ҳатто раҳбари ВКХ Афғонистон Ҳаниф Атмар дирӯз чунин изҳор дошт: "Дар бораи сулҳ бояд аз аввал фикр кардан лозим буд. Мо натавонистем ба онҳо интихоби хубе пешниҳод кунем ва маҷбур кардем, ки онҳо хоки Афғонистонро тарк кунанд. Ин сиёсати бад буд". Эҳтимолан Ҳаниф Атмар қасд дорад ба ҳукумати "тоза" пайвандад.

Дар баробари ин даъваои СПАД нисбати "Толибон"  - (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) ҳеҷ куҷо нашудааст. Ҷунбиш хушунати мусаллаҳона алайҳи ҳукумати қонуниро эътироф мекунад ва симбиозро бо Ал-Қоида (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) гум намекунад, қочоқи маводи мухаддирро истисмор мекунад ва ин танҳо оғози кор аст.