ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи расмии ФИФА, ин ташкилот рӯзҳои наздик ба 211 аъзоёни худ ба миқдори 1,5 миллион доллари амрикоӣ кӯмак хоҳад кард.
Ин кӯмакҳои молӣ барои мавсими 2019 ва 2020 ба ҷомеаи футболии ҷаҳонӣ, ки аз пандемияи Ковид - 19 зарар дидаанд, дар назар гирифта шудааст.
Ҳамин тариқ ҳар як узви федератсия, аз ҷумла Тоҷикистон, як миллион доллар гранти асосӣ ва 500 ҳазор доллар барои рушди футболи занона хоҳад гирифт.
ФИФА ҳамзамон барои ҳар як конфедератсия 2 миллион доллар ҷудо кардааст.
Гуфта мешавад, маблағи боқимондаро ФИФА барои додани қарзҳои бефоиз барои иттиҳодияҳо ва конфедератсияҳо равона хоҳад кард.
Қаблан Ҷани Инфантино, президенти ФИФА дар шарҳи ин тасмим гуфт, ки пандемия мушкилоти фарогиреро барои ҷомеаи футболӣ ба вуҷуд овард. ФИФА ҳамчун ниҳоди роҳбарикунандаи футболи ҷаҳон бояд ба мушкилоти федератсияҳо расидагӣ намояд ва ин нахустин дастгирии барномаи дарозмуддат аст.
Шикасти “Равшан” -и Кӯлоб баъди пирӯзиҳои пай дар пай аз “Панҷшер”- и Ҷомӣ
Бинобар ин мо аз кӯмаки молиявӣ оғоз кардем, зеро федератсияҳо бо мушкилоти молиявӣ гирифтор шудаанд.