Давраи ҳафтуми чемпионат: беҳтарин бонувони футболбоз муайян шуданд

Дастаи занони футболбози Душанбе ба рақибонашон аз ноҳияи Дӯстӣ пирӯз гаштанд. Се духтар аз дастаи аввал чор голро ба дарвозаи ҳариф расониданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дар варзишгоҳҳои  мамлакат    дар  сатҳи баланд баргузор  шуданд. Бозии марказии  ин давр миёни дастаҳои футболи  "Зебонисо"-и  шаҳри Душанбе  ва "Зебо"-и ноҳияи Дӯстӣ  гузашт, гузориш медиҳад "Ховар".

"Рақобати ин  дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо пирӯзии дастаи футболи  "Зебонисо"-и  шаҳри Душанбе  бо ҳисоби 4:0  ба поён расид. Рӯзигули Ҳасан ду гол, Амина Собирова ва Некубахт Худододова якголӣ ба ҳадаф расониданд", - менависад манбаъ.
Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд

Бохти дастаи футболи   "Зебо"-и  Дӯстӣ  сабаб шуд, ки дастаи  футболи  "Хатлон"-и шаҳри Бохтар пас аз пирӯзӣ бар дастаи  "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода бо ҳисоби   3:0  пешсафи ягонаи ҷадвали чемпионат гардид.

Дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ бар дастаи "Панҷшер"-и  Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, аввалин ғалабаашро ҷашн гирифт. Се холи аввалинро ба дастаи "Равшан"-и  Кӯлоб  Гулфайрӯз Ҳазратова овард. Дар ду бозии дигар   дастаи футболи   "Бешкент"-и ноҳияи  Носири Хусрав ба дарвозаи дастаи  "Барқ"-и шаҳри  Норак 11 голи беҷавоб зад, дастаи футболи   "Ҳосилот"-и ноҳияи Фархор дастаи футболи  "Чашма"-и Шаҳритусро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд .

Футбол: рӯзҳои бозии муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуд