“Равшан” -и Кӯлоб дар лигаи аввали футболи Тоҷикистон якум шуд

Тибқ натиҷагирии даври чоруми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон тими “Равшан”-и Кӯлоб ба ба садри ҷадвал баромад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik.  Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон тими “Равшан” пас аз пирӯзӣ дар даври чоруми мусобиқаи лигаи аввали футболи кишвар бо дастрасии 12 имтиёз пешсаф аст

Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд

Ба иттилои манбаъ, тими "Равшан" дар даври чорум дастаи “Шоҳмансур”-и Душанберо бо ҳисоби калон 8:3 дар меҳмонӣ шикаст дод.

Манбаъ мегӯяд, “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:4 дар меҳмонӣ аз "Панҷшер"-и Ҷалолиддини Балхӣ шикаст хӯрд бо 9 имтиёз дар ҷойи дуввум нишаст.

Дар ҷойи сеюми ҷадвал бошад, "Исфара"-и  Исфара пас аз пирӯзӣ бар "Ҳосилот"-и Фархор (2:1), бо 9 имтиёз дар ҷойи сеюмро соҳиб шуд.

ФФТ мегӯяд, дар бозиҳои дигари даври чоруми Лигаи аввали футболи Тоҷикистон дастаи "Моҳир"-и Ёвон дар меҳмонӣ “Ҳулбук”-и Восеъро бо ҳисоби 4:2, "Ваҳдат"-и Ваҳдатр дар майдони худ "Барқчӣ"-и Ҳисорро бо ҳисоби 3:2 ва тими "Равшан"-и Зафаробод дар мизбонӣ"Саройкамар"-и Панҷро бо ҳисоби 2:0 шикаст доданд.

Футбол: рӯзҳои бозии муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуд

Гуфта мешавад, бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон 21-ум ва 22-уми июл доир мешавад, ки бози марказии он дидори  "Равшан"-и Кӯлоб ва "Исфара" мебошад.

Ҳамчунин дар ин давр  "Барқчӣ" бо "Шоҳмансур", "Эсхата" бо "Равшан" (Зафаробод), "Моҳир" бо "Ваҳдат" ва "Саройкамар" бо "Ҳулбук" рақобат хоҳанд кард.