ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар дасти кам 70 маризи коронавирус фавтиданд.
Ҳолати бештари фавт ба маркази ҷумҳурӣ, шаҳри Бишкек рост омадааст.
Фавти 11 маризи коронавирус дар Қирғизистон давоми як шабонарӯз
Манбаъ меафзояд, дар Бишкек давоми як шабонарӯз 35 бемор ҷон аз даст доданд. Аз ҳама кам ҳолати фавт дар Ош ба қайд гирифта шудааст, ҳамагӣ 2 нафар.
Ба ҳамин минвол, теъдоди умумии қурбониёни маризии коронавирус дар Қирғизистон ба 1003 нафар баробар шудааст. Гузашта аз ин, аз замони хуруҷи ин беморӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон 26 532 нафар мубтало гардиданд.