Даргузашти мақомдори қазоқистонӣ аз вируси корона

Як мақомдори Қазоқистон дар сомонаҳои иҷтимоӣ хабар додааст, ки муовини аввали устондори Туркистони Қазоқистон бар асари ибтило ба коронавирус даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Сокин Калкамонов, муовини устондори минтақаи Туркистони Қазоқистон аз даргузашти Қосим-Ойтим Ҳамбетов, муовини авввали ин минтақа хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.

Дар Қазоқистон ба хотири қурбониёни COVID-19 мотами миллӣ эълон шуд

Тибқи иттилои манбаъ, Сокин Калкамонов дар саҳифаи Фейсбуки худ навиштаст, ки Қосим-Ойтим Ҳамбетов, муовини аввали устондори минтақаи Туркистони Қазоқистон шаби гузашта дар синни 57-солагӣ даргузашт.

“Таслияти самимонаи худро ба хонавода ва азизони марҳум иброз мекунам”, навишт ӯ.

Шумораи шаҳрвандони дар марзи Қазоқистон дармондаи Тоҷикистон бештар мешаванд

Асит Исо Кешов, дабири Шӯрои амнияти Қазоқистон ба навбати худ, дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки муовини устондори минтақаи Туркистони ин кишвар, бар асари коронавирус фавт кардааст.