Навор аз дохили ташхисгоҳи коронавирус дар Душанбе: тести COVID- 19-ро чигуна мекунанд?

Кормандони ташхисгоҳи коронавирус дар Душанбе ба  Sputnik Тоҷикистон нишон доданд, ки ташхиси COVID- 19 дар Тоҷикистон чигуна мегузарад 
Sputnik

Дар Душанбе дар асоси пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии тиббӣ ташхисгоҳи коронавирус ба кор даромадааст, ки тестҳои COVID- 19-ро анҷом медиҳад.

Омори ҷадиди гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз коронавирус дар Тоҷикистон
Тавре дар навор дида мешавад, дар ин ташхисгоҳ барои муайян кардани тест луоби  бинӣ ва даҳони беморро мегиранд. Бо ҳамин ташхиси дурударози беморӣ сар мешавад.

"Тестҳое, ки мо истифода мебарем аз они Русия ё Чин мебошанд. Реагентҳо асосан истеҳсоли коргоҳи "Вектор"-и Новосибиркс мебошанд", - мегӯяд  дар навор корманди ташхисгоҳ Мадина.

Сипас пизишкон дар таҷҳизоти махсус муайян мекунанд: COVID-19 ошкор мегардад ё не.

Корманди ташхисгоҳ, ки дар ҷои хавфнок кор мекунанд, зуд-зуд ҷои корро дезинфексия менамоянд.

Намунаҳои аз беморон гирифташуда пас аз ташхис махсус поккорӣ мешаванд.

Ҷаласа: пешниҳоди фанни нав дар макотиб ва ихтирооти олимони тоҷик алайҳи коронавирус

Бино бар иттилои СММ ҳамарӯза дар Тоҷикистон аз 400 то 500 ташхис гузаронида мешавад.