Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Гаштугузори озод: маълум шуд, кай иҷозатномаи рақамӣ дар Маскав бекор мешавад

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин қайд кард, ки ҳафтаи оянда дар робита ба чораҳои маҳдудкунанда дар пойтахт қарорҳои дахлдор қабул хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Эҳтимол меравад, ки миёнаҳои моҳи июн иҷозатномаи рақамӣ, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Маскав ҷорӣ шуд, бекор гардад, хабар медиҳад РИА Новости.

Интизор меравад, ки аз 15 июн гаштугузор дар пойтахти Русия озод мешавад.

Дар баробари ин хабари бекор кардани иҷозатномаҳо рӯзи 8 июн эълон хоҳад шуд.

Сабаби ғайриинтизори гирифторӣ ба коронавирус маълум шуд

"Албатта агар шаҳрдор дар дақиқаҳои охир ягон тағйирот ворид накунад", - афзуд манбаъ.

Собянин гуфт, кай карантинаи Маскав қатъ мешавад

Пештар шаҳрдори Маскав Сергей Собянин хабар дод, ки ҳафтаи оянда дар робита ба чораҳои маҳдудкунанда дар пойтахт қарорҳои дахлдор қабул хоҳад шуд.

Реҷаи хонашинӣ дар Маскав ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус авохири моҳи март ҷорӣ карда шуд. Тибқи фармони шарҳрдор дар пойтахт ҳамаи марказҳои хизматрасонӣ, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо баста шуданд.

Пас аз беҳтар шудани вазъи эпидемиологии Русия, Маскав яке аз нуқоте буд, ки карантинаро тамдид кард. Аз миёнаҳои моҳи май фаъолият дар сохтмонҳо ва бархе аз ташкилотҳои иқтисодӣ оғоз шуд. Дар баробари ин ба сокинони пойтахт иҷозаи гашту гузор дода шуд.

Бар пояи омори ахир, то 7 июн дар Русия 467 ҳазор кас мубталои коронавирус шуда ва беш аз 226 ҳазор нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанду 5,8 ҳазор кас қурбони ин вабои аср шуданд.

Теъдоди бештарини маризони COVID - 19 дар Маскав - 195 ҳазор кас ба қайд гирифта шуд.