Мурабии тоҷик Юрий Сёминро ба Тоҷикистон даъват дорад

Зайниддин Раҳмов мураббии тими милии ҷавонони Тоҷикистон гуфт, Юрий Сёмин пас аз анҷоми кораш ба ҳайси сармураббии дастаи “Локомотив”-и Маскав, метавонад фаъолияташро дар Тоҷикистон идома диҳад
Sputnik

Зайниддин Раҳмов мураббии тими милии ҷавонони Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тамоми мураббиёни футболи ҷумҳурӣ ба Юрий Сёмин эҳтиром доранд.

“Сёмин шахси беҳтарин аст. Мо ҳамеша аз дидани ӯ хушҳол мешавем”, - илова кард Раҳимов.

Аммо Раҳимов қайд кард, ки имрӯзҳо Тоҷикистон ба Сёмин моҳонаи зиёд дода наметавонанд.

 

Мурабии тоҷик Юрий Сёминро ба Тоҷикистон даъват дорад

Раҳмов илова кард, ки Юрий Сёмин метавонад дастаи “Локомотив- Помир”, “Истиқлол” ё “Хуҷанд”-ро роҳбарӣ кунад.

Ба гуфтаи вай сёмин метавонад бо кори худаш дар Тоҷикистон ба дастаи тими ҷавонони кишар кумак намояд.

Дар бозор касе пуламро намегирифт: хотироти Сёмин мураббии пешини “Помир”

Семин дар бораи истеъфои Черевченко: “Локомотив” бояд ӯро баргардонад

Раҳимов афзуд, ки ҷалби ин гуна мутахассисон барои дастаҳои Тоҷикистон фоидаовар аст. Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон Сёмин метавонад роҳат бошад, чун дусти наздикаш Шариф Назаров дар кишвар фаъолият дорад.

Мусоҳибаи Рустам бо расонаи испанӣ: аз ҷавонони тиллоӣ то расидан ба финали Ҷоми Ҷаҳон

Ёдрас мешавем, ки Юрий Сёмин сармураббии саршиноси футбол баъд аз 31 май соли равон пас аз ба охир расидани шартнома дастаи “Локомотив”-и Маскавро тарк хоҳад кард.